УБУРИ ЧУПОНОНИ ҚИРҒИЗ БА МАРЗИ ВОРУХ

2_d_850.jpg

Бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст задаанд. Тибқи хабарҳои охирин ин ниҳод, сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.

Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст.

Ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ бурда истодаанд.

 

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест