ХУШХАБАР! СИРОЯТИ CОVID-19 КАМ МЕГАРДАД.

Тибқи маълумотҳое, ки аз тарафи Беморхонаи марказии ноҳия ба мо дастрас шуданд, дар ҳудуди ноҳияи Фархор то имрӯз, яъне 26-05-2020 шумораи беморони мубталои коронавирус, ки ба 121 нафар расида буд, аллакай 108 нафарашон шифо ёфтанд, 8 нафарашон фавтидаанд ва 5 нафарашон айни ҳол таҳти табобати беморон қарор доранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ноҳияи Фархор дар ду нуқта: дар шуъбаи бемориҳои сирояти беморхонаи марказии ноҳия ва Осоишгоҳи “Насими Фархор” барои беморони сироятшудаи коронавирус шароитҳои лозимӣ муҳаё шуда буд ва беморон дар ин нуқтаҳо муолиҷа меёфтанд. Ғайри ин Ҳукумати ноҳия боз якчанд нуқтаҳои дигарро дар ҳолатҳои фаврӣ ва дар ҳолатҳои омодабош қарор дода буданд, ки дар натиҷаи нарасидани катҳои хоб барои беморон ин нуқтаҳои дар назардошта ба фаъолият оғоз менамуданд.

Хушбахтона, паҳншавии ин бемории сироятӣ дар ноҳия, умуман дар ҷумҳурӣ паст гардид ва умед аст, ки мардуми кишварамон бе ягон таҳалука ин ваборо ба зудӣ паси сар менамоянд.

Ҳукумати ноҳияи Фархор тамом қуввати худро сарф намуда, барои пешгирӣ аз паҳншавӣ аз ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро истифода бурд. Дар тамоми муассисаву корхонаҳо риояи гигиениро ба ҷо оварданд. Дар кучаву бозорҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аксияҳо гузаронида шуд. Дар якчанд деҳаҳои ноҳия дар даромадгоҳашон режими “карантин” фаъолдият намуд, ки мошинҳои бегонаро аз маҳлулҳои тозакунандаву антисептикӣ тоза намуданд ва айни ҳол ин режим фаъолият дорад.

Дар арафаи иди саиди рамазон мардум ва кудакон кӯшиши намуданд, ки ба хонаҳои бегонагон нарафта, беҳуда гаштугузор нанамоянд. Ин ҳам як намудаи пешгирии ин беморӣ ба ҳисоб меравад.

Аллакай дар ин фасли гармо мардум ба он ақидаву боварианд, ки рӯзҳои наздик ин бемории сироятӣ куллан аз кишварамон ва аз рӯйи кураи замин нест мегардад.

 

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест