ВОКУНИШ БА ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ”

Ваҳдати миллиро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт

         Имрӯзҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар шабакаҳои марказии телевизиони Тоҷикистон намоиши силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат” доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҷараён дорад.

         Воқеан баъд аз тамошои вилми “Хиёнат” ҳар фарде, ки ҳадди ақал каме фитрати инсонӣ дар ӯ ташаккул ёфтааст, нисбати ин ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар дили ӯ нафрати куллӣ ба вуҷуд меояд.

         Аз хотираи мардуми ноҳияи Фархор асло намеравад, ки баъди зиёда аз 8 моҳ ба муҳосираи иқтисодӣ афтодани вилояти Кӯлоб, сокинони ин минтақа, аз ҷумла мардуми ноҳияи Фархор маҷбуран аз гуруснагӣ ва норасогии доруворӣ ҳаргуна гиёҳу решаҳои дарахтон ва растаниҳоро истеъмол мекарданд. Дар ноҳияи Фархор бемории гепатити ҷигар-гилеатроп хурӯҷ карда, беш аз 8000 нафар ба бемории гилеатроп заҳролуд шуда, аз ин шумора беш аз 5000 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин беморӣ дар вақте хурӯҷ карда шуда буд, ки дар ҳамон шабу рӯзи мудҳиши солҳои 90-ум қатлу куштори мардуми бегуноҳи ноҳияи Фархор аз ҷониби гурӯҳи разилон, яъне ташкилоти экстремистӣю террористии ҳизби наҳзати исломӣ бешумор афзуда буд. Дар он рӯзҳо мардуми ноҳияи Фархорро рӯҳияи ноумедӣ фаро гирифта буд. мардум аз як тараф қатли навҷавононро азо гирифта будан ва аз тарафи дигар ба бемории гилатроп гирифтор шуда, дар табобати он аз норасогии доруворӣ танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, ба ҳамаи мушкилотҳои он замон нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он рӯзҳои даҳшатнок асло фаромуш намекунанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба мардуме, ки ба бемории ҷигар-гилеатроп, ки садҳо маротиба мудҳиштар аз бемории коронавирус мебошад, гирифтор шуда буд., кӯмаки амалии худро расонида буд. ба мушкилотҳо нигоҳ накарда ба беморхонаҳо доруворӣ дастрас карда шуда, инчунин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳарвандони ба бемории гилеатроп сироятёфта, нафақаҳои давлатӣ муқаррар арда шуданд.

         Гузашта аз ин, дар ҳамон шабу рӯзҳои мудҳиш сокинони ноҳияи Панҷ ва Қумсангир ва дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияи Фархор ҳамчун гуреза шуда омада буданд. мардуми ноҳияи Фархор ба буҳрон ва муосираи иқтисодӣ нигоҳ накарда, ҳар як луқмаи нонро бо ҳамватанони гурезашуда тақсим карда, дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон масҷидҳои зиёди ҷомеъ ва панҷвақта сохта ба истифода дода шуданд, ки мардуми кишвар, аз ҷумла, мардуми ноҳияи Фархор дар фазои сулҳу суботи кишвар озодона намозҳояшонро мегузоранд, ки ин худ далелу гувоҳест аз кӯшишу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати халқу миллати тоҷик.

         Дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон, ки аз сиёсати пешгирифтаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем давлати худро ба дастовардҳои нав ва рушди нотакрор бирасонем.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии

ба номи “Имом Аӣбуҳанифа”-и ноҳияи Фархор               Обидов А.А.

Миёна: 6 (1 vote)