ДУРӮҒ ЗИЁД АСТ, БОВАР НАКУНЕД!

 

Дурӯғ зиёд аст, бовар накунед! Чунин ном дошт матлабе, ки нашрҳои гӯзашта дар нашрияи СССР интишор шуда буд. дар ин мавзӯъ меҳмони нашрияи мазкур аз ноҳияи Фархор Эмомова Одинамоҳ ҳамсӯҳбат шуда гуфтааст, ки гӯё баъди иди шарифи Рамазон дар ноҳияи Фархор сатҳи беморони коронавирус дучанд зиёд шуда, шумораи фавтидагон қариб то 800 нафар расида аст.

Аммо шахсе ҳамчун сокини ноҳияи Фархор ба ин масъала вокуниш додааст, ки ин овозаҳо дурӯғи маҳз аст. Шахсан худи нависанда дар он давраҳо ба беморхонаҳо рафта бо табибон ҳамсуҳбат шудаасту ҳақиқатро шунида аст. Маълум шудааст, ки зиёда аз 280 нафар беморони коронавирус шифо ёфтаасту 5 нафари дигар айни ҳол дар беморхона табобат гирифта истодаанд. Вазъи беморон беҳтар аст ва гумон аст, ки баъди 2-3 рӯз ба хонаҳояшон бармегарданд.

Чунин овозаҳо дурӯғ аст-дурӯғи беасоси баъзе аз сафсатаҷӯён, ки ҳадафашон танҳо ба таҳлука даровардани мардум мебошад. Нависанда дархостааст, ки шояд вақте мерасад, ки чунин дуруғгӯёнро мисли доруфурӯшон дастгир намуда дар ТВ нишон диҳанд.

 

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест