ОМОРИ НАВ ОИДИ КОВИД-19

 

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  аз 30 апрел то 5 июли соли ҷорӣ дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 213 нафар расид.

Ба қавли Вазорати тандурустӣ аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4858 нафар ё худ 78,2% беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Мақомот шахсияти нафари фавтида аз коронавирусро нагуфтанд, аммо ахиран аз фавти Шоира Бузурукова,сартабиби зоишгоҳи Хуҷанд хабар дода шуд, ки дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ будааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир 225 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид карданд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

Алихон Хидиров, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест