КАБИРИВИРУС

 

Бемории COVID-19 тамоми минтақаҳои дунёро фаро гирифта, баробари пайдо шудани он ҳатто пурқудраттарин кишварҳои дунё ночор мондаанд ва натавонистанд барои густариши саривақтии ин пандемия вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Дар чунин вазъияти мураккаб ва ҳассос шаҳрвандони баору номуси кишварро мебояд бо дарки масъулиятшиносӣ паҳлӯи ҳам истода, заррае ҳам бошад кумак ё дастгирии худро расонад.  Аммо Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, наҳзатиҳо, Гурӯҳи –24, Паймони миллии тоҷикон барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш менамоянд. Дар паёму нашрҳояшон эҳсос мешавад, ки то ҳол мақсадҳои ғаразноки худро идома дода, саҳму талош ва кушишҳои Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо ва пешгирии бемории сироятии коронавирус нодида мегиранд.

Чанд рӯз қабл дар телевизиони Тоҷикистон силсилафилми мустанади “Хиёнат” пахш гардида буд. дар ин вилм нишон дода шудааст, ки сабабгори дарду алам ва ранҷу азоби чандинсолаеро, ки дар солҳои 90-ум миллати тоҷик кашид, ошкоро ва бо далел нишон дода шуд.

Дар урфият мегӯянд “Офтобро бо парда пӯшонида намешавад”. Инчунин, хиёнатҳоеро, ки  наҳзатиҳо пинҳонӣ анҷом медоданд, ошкор гардид.

Кабирӣ ва ҳаммсалаконаш гумон мекарданд, ки бо мақолаву вокунишҳо ва суханони таҳқиромез нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро миёни мардум сиёҳ мекунанд, аммо ғофил аз он ки миллати тоҷик нав душману хоинро бо пахши филми мустанади “Хиёнат” шинох ва воқеиятро дарк кард.

Мо метавонем бар зидди ҳамагуна вирусҳо мубориза барем ва роҳ надиҳем, ки ҳар як касу нокас меҳани азизи моро паст занад, вале он шаҳрвандони гумроҳшудае, ки худро аъзои ҳизби мамнӯи  наҳзати исломии Тоҷикистон мешуморанд ва фаъолияти онҳо ба ноором намудани авзои кишварамон равона шудааст, аз ҳама гуна вирусҳо бадтар мебошанд. Зеро онҳо ифротӣ буда, дар сар андешаҳои солиму созанда надоранд.

 

Т. Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест