Қаноти ҷангии ТЭТ ҲНИ - Ансоруллоҳ

 

Баъд аз мағлубият дар интихоботи парлумонии соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо мақсади ғасби қудрати сиёсӣ даст ба табаддулоти ҳарбӣ зад. Ин мудҳиштарин ҷиноят ва хиёнате буд, ки наҳзатиҳо пас аз соли 1997, яъне баъди истиқрори сулҳу оромӣ дар кишвар анҷом дода буданд. Хушбахтона, он замон сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар тавонистанд, ки пеши роҳи ин амали нангини наҳзатиҳоро гиранд ва бори дигар Тоҷикистонро аз хатари ғосибии ин неруи аҳриманӣ наҷот диҳанд.

Баъди ноком шудан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ошкор гардидани мақсадҳояшон, як гуруҳ масъулони наҳзатӣ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои Аврупо панаҳ бурданд. Айни замон ин тудаи зиддимардумӣ тавассути васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти иғвогарона ва тахриботии худро бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Албатта матлабу навиштаҳои наҳзатиҳо ғайр аз дуруғпароканию тӯҳмат чизи дигаре надоранд. Аммо онҳо бо созмон додани чанд ташкилоти дуруғин чеҳраи худро дигар карда, мақсадҳои зиддимиллии аслиашонро пинҳон менамоянд. Риёкорона худро озодандешу, демократу ҳомии ҳуқуқи инсон ва муборизи сиёсӣ меноманд.

Аммо мардум огоҳ аст ва дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо на неруи сиёсии мухолиф, балки як тудаи ифротӣ буда, барои мардуми кишвар ғайри бадбахтӣ чизи дигаре оварда наметавонанд. Вақтҳои охир созмонҳои байналхалқӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам наҳзатиҳоро дурусттар шинохтанд ва аз мақсадҳои аслиашон огоҳ шудаанд.

ҲНИ мусичаи бегуноҳ нест

Ҳарчанд наҳзатиҳо имрӯз дар Аврупо аз арзишҳои волои инсонӣ сухан мегуянд ва худро «мусичаи бегуноҳ» ҷилва дода, ҷор мезананд, ки гуё як ташкилоти оромишписанду озодихоҳ бошанд, аммо мавҷудияти қаноти ҷангии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ - созмони террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» дар асл кӣ будани онҳоро фош менамояд.

Дар мансубият доштани «Ансоруллоҳ» ба ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ягон шубҳае нест. Ба фарқ аз созмонҳои дуруғине, ки наҳзатиҳо дар Аврупо ташкил кардаанд, ин созмони террористӣ воқеан вуҷуд дорад ва ҳама медонанд, ки айни ҳол дар ҳудуди Афғонистон фаъол мебошад.

Дар шабакаи Интернет низ маълумоти кофӣ оид ба созмони террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ», фаъолияти зиддибашарӣ ва даҳшатафканиҳои он мавҷуд аст. Мувофиқи ин маълумотҳо, баъд аз истиқрори сулҳу оромӣ дар кишвар, як гуруҳи наҳзатиҳо бо роҳбарии Амриддин Табаров аз Тоҷикистон дубора ба Афғонистон гузашта, ин созмонро ташкил додаанд.

Раҳбарияти наҳзатӣ аз давраи пайдоиши «Ансоруллоҳ» то ҳозир иртиботи худро бо он рад мекунанд. Вале воқеият он аст, ки дар вақташ саркардаҳои наҳзат бо вуҷуди ба имзо расондани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ин гурӯҳро ба таври махсус созмон дода, ҳамчун бахши ҷангии ташкилоташон дар анҷом додани амалҳои террористӣ истифода кардаанд.

 

Ашӯров А. коршинос

 

Ҳеҷ овозе нест