АСРОРИДДИН РОЗИҚОВ КАСБИ ПАДАР ОМӮХТ

 

Санаи 25 июни соли ҷорӣ Асрориддин Розиқов - писари собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ Зубайдуллои Розиқ аз тарафи мақомоти кишвар дастгир шуда буд.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкилоти террористиест, ки чеҳраҳои турши ин гурӯҳро ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон хуб мешиносаду медонад ва онон аз ҳамон тоифае ҳастанд, ки барои ба даст овардани сарвату манфиат қодир ба ҳама коранд. Худи Зубайдуллои Розиқ, ки бо аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИ ҳамкорӣ барои табадулот доштанд ва аз тарафи мақомот дастгир шуда буд, писараш Асрориддини Розиқ бошад, адабро аз беадаб наомухта вазифаи падарашро касби худ дониста, бо ҳар восита бо аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳамкорӣ дошт. То шамол нашавад дарахт намеҷунбад. Асрориддин худ медонист, ки шахсони хоин як рӯз не як рӯз дастгир мешаванд. Аммо ин ахлоқи падаркасбиашро ҳамчун қаҳрамонӣ дониста, ба хотири ба мақсадҳои нопок расидани ТЭТ ҲНИ, мехост ба тинҷию осоиши мардуми кишвар халал расонад.

Чаро ҷиноятҳои содир намудаи падарашро андеша накард ва оқибатҳои онро нодида гирифт. Магар ӯ бехабар буд, ки ҳар нафари ҷинояткор дар назди қонун ҷавоб медиҳад ва ҳеҷ кас бе ҷавоб намемонад. Аз оне, ки падараш бо ҷурми ҳамкорӣ бо ТТЭ ҲНИ маҳбас шуда буд, чаро Асрориддин бо ин гурӯҳи тундрав ва дар Тоҷикистон мамнӯъ боз дидаву дониста ҳамкорӣ кард. Шояд ҳамкоронашон - яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ ӯро бовар кунонида буданд, ки дар ҳама ҳолат пуштибонӣ карда метавонанд ва ҳама қонуншиканиҳояшро мепӯшонанд.

Қонун барои ҳама ҳатмист ва ҳама бояд дониста бошанд, ки ҷудоихоҳӣ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ниҳоят ҷазои сангин ва оқибатҳои ногувор дорад. Шахси ҷинояткор аз ҷумлаи тоифаи одамони гумроҳ дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бигузор Асрориддин низ дар назди қонун барои ҷиноятҳои содир намудааш ҷавоб диҳад ва шояд барои дигарон дарси ибрат шавад

Асрориддин ҳам ин ҳамаро бояд қаблан андеша мекарду аз ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав даст мекашид. Шикастани қонун ба хусус робита доштан бо гурӯҳҳои ифротӣ ин хиёнати бузург ба Ватану миллат аст.

Зубайдуллои Розиқ аз тарбияи фарзанди чун худ хиёнаткор бори дигар исбот кард, ки ӯ ботинан ғараз бар миллату давлат дошт ва фарзандашро низ дар рӯҳияи хиёнаткорӣ ба воя расонидааст.

.

Т. Вадудов, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест