COVID-19 ҶОЙИ ТИҶОРАТ НЕСТ

 

Дар авали моҳи июли соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Суғд, таъкид карда буд, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд. Ӯ гуфт, санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд. Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст. Инчунин, сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст. Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуда буд, ки ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд.

Ба гуфтаи Президенти кишварамон, дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо дар Тоҷикистон ва гуруҳе аз фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии лавозимоти беҳдошт дар бархе аз муассисаҳои тиббии кишвар хабар дода буданд, аммо мақомоти тандурустӣ ин иддаоро рад мекарданд.

 

  Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест