ШИФОИ 83%-И БЕМОРОНИ КОВИД ДАР КИШВАР

 

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта, яъне то санаи 27-07-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир боз як гирифтори дигари коронавирус ҷон аз даст дод. Бо илова шудани охирин ҳолати фавт, теъдоди умумии қурбониён аз ин маризӣ дар Тоҷикистон ба 60 нафар расидааст.

Зимнан, дар муддати аз 30 апрел то 27 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7235 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 6028 нафар ё худ 83,3%-и гирифторон шифо ёфтаанд.

Шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ноҳияи Фархор айни замон 5 нафар беморон бо нишонаҳо илтҳоби шуш дар беморхонаи ноҳия ва 8 нафари дигар дар хонаҳояшон табобат гирифта истодаанд. Ба гуфти мутахассисон бештари ин беморон бештар ба дигар бемориҳо, аз қабили бемориҳои қалб ва фишорбаландӣ азият мекашанд.

Бойматзода А,  маҷалаи “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест