ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР МУҲТАРАМ РАҲМАТЗОДА РУСТАМ МИРЗО БАХШИДА БА ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9 сентябри соли 1991 дар таърихии миллати тоҷик муҳимтарин воқеаи сарнавиштсоз – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки барои ҳар яки мову Шумо иди муқаддас ба ҳисоб  меравад. Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурарзиштарин неъмат дар ҳамаи давраи давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Истиқлолияти давлатӣ боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири ҳазорсолаи охир буда, нишонаи ҳуввияту озодӣ, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, ифтихор ва номус, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлат имрӯз ҳар фарди меҳнатқарину ватандӯсти тоҷик, дар атрофи татбиқи ормонҳои сарнавиштсози миллӣ ба зиндагии шарафманди пурсаодат ва рӯзгори осуда расидааст. Ҳоло ҳар як фарди бонангу номуси кишварро зарур аст, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри абадиву пойдории ин неъмати бебаҳову пурарзиш саъю талош намояд.

Ҳамдиёрони азиз! Дар ин рӯзи фархунда беҳтарин хушиҳои рӯзгорро бароятон орзу намуда, дар пешрафти кишварамон дастовардҳои бузургро таманно дорам. Орзумандам, ки ин санаи бебаҳо ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, бахту саодат ва нусрату пирӯзӣ ато намояд.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Ҳеҷ овозе нест