ХИЁНАТ БА ВАТАН – ХИЁНАТ БА МОДАРУ МИЛЛАТ АСТ

 

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурузон намуд. Ин руйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш бо ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як ватани ободу зебо ва шукуфон ба мерос гузорад.

Дар расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доштанд. Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд.

Чуноне, ки дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ омадааст: «Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз иҷлосияи 16-Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифоти мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт».

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, к ибо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву- экстремистнаҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик рух дод, боиси бо ҳалокат расидани беш аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардумӣ мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои Созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол бо кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террорро идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ба ифтихори 23-юмин солгарди ҷашни ваҳдати миллӣ аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дастоварду муваффақият ва бунёдкориҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистондар зарфи 29-соли даврони Истиқлолият бахшида ба 23-юмин солгарди ваҳдати миллӣ намоиш дода шуд, ки хушбахтона муҳаббати шахсро ба ин ватани ҳамешабаҳору биҳиштосо ва дар саргаҳи обҳои зулолу мусаффои табии ҷойдошта зиёда мегардонад ва ҳамзамон шоҳиди ҳол ҳам шудем, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиши филми «Хиёнат» аз дасисаю найрангҳои собиқ роҳбари ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пахш гардид, ки боиси озурдахотирӣ ва нафрати мардуми шарифи Тоҷикистон гардида аст.

 

 Носиров А, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест