Дар бораи тасдиќ намудани Низомномаи тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотї дар сомонањои расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ва ташкилоту муассисањо дар шабакаи Интернет
ЌАРОР
№ ___ , аз «____ » ____________ соли 2019 ш. Фархор
Дар бораи тасдиќ намудани Низомномаи тартиби
нашр ва навкунии маводи иттилоотї дар сомонањои
расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии но-
њия, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ва
ташкилоту муассисањо дар шабакаи Интернет.
Бо маќсади танзими нашр ва навкунии маводи иттилоотї дар сомо-нањои расмии ќаламрави ноњия, иљрои банди 4-и Ќарори Њукумати Љумњу-рии Тољикистон аз 10.07.2017, №344 «Дар бораи Ќоидањои ягона барои со-монањои расмии вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокими-яти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар шабакањои Интернет», бо назардошти ќарори раиси ноњияи Фархор аз 11.12.2017, №490, мутобиќи моддањои 19, 20-и Ќонуни конститутсионии Љумњурии То-љикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, 20-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва де-њот» ва 25-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї»
ЌАРОР МЕКУНАМ:
- Низомномаи замимашудаи тартиби нашр ва навкунии маводи итти-лоотї дар сомонањои расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии но-њия, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ва ташкилоту муассисањо дар шабакаи Интернет тасдиќ карда шавад.
- Муќаррар карда шавад, ки:
- њамаи воњидњои сохторї, ташкилотњои зертобеъ, аз љумла филиалњо дорои њуќуќи пешнињоди маводи иттилоотї барои нашр дар сомонаи рас-мии маќомоти иљроияи њокимияти давлатї мебошанд;
-воњидњои сохторї, ташкилотњои зертобеъ корманди масъулро барои пешнињоди иттилоот љињати навкунии ќисми худии сомона људо намояд. Роњбари воњиди сохторї, ташкилоти зертобеъ барои эътиборнокї, дурустї, бомаврид, сариваќтї пешнињод намудан ва навсозии иттилоот масъул аст;
- ташкили корњоро оид ба дастгирии иттилоотии сомонаи расмии маќо-моти иљроияи њокимияти давлатии ноњиякотиби матбуотии дастгоњи раиси ноњия, тел.907-99-86-75, телефони дохилїамалї менамояд;
- масъул оид ба таъмини барномавї, моддию техникии сомонаи расмї роњбари дастгоњи раиси ноњия мебошад;
- ороиши (дизайни) Wed-и сомонаи расмї дар асоси шартномаи тара-файни басташуда тањия карда мешавад;
- масъул барои пешнињоди иттилоот ва пур кардани ќисмњои сомонаи расмї бо забони русї ва англисї котиби матбуотии дастгоњи раиси ноњия мебошад.
3. Масъулон барои мундариљаи ќисмњои сомонаи расмї ва пур кардани онњо:
шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрњо: маълумоти умумї дар бораи маќомоти давлатї, «Реквизитњо» (маълумоти њатмї)», «Таърихи таъсис», «Рањбарияти маќомоти њокимияти давлатї», «Маљлиси умумї», «Сохтори ташкилї», «Соња, ќаламрави фаъолият», «Њамкорї бо дигар маќомоти њо-кимияти давлатї», «Конференсияњои маќомоти њокимияти давлатї», «На-вигарињо», «Фармонњо, Ќарорњо, Фармоишњо,иттилоот ба ќисми «Кадр-њо», «Вазифаи холї»;
шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеа: иттилоот ба забони ан-глисї ва русї, «Њамкорињои байналмилалї»,«Фаъолияти нашриявї», «Маљаллањо», «Рўзномањо»;
комиссияњои дохилї ва байниидоравї: иттилоот дар бораи фаъоли-яти комиссияњо;
роњбарони воњидњои сохторї: иттилоот дар бораи воњидњои сохторї, «Њамкорї», «Эълонњо»;
идорањои рўзномаву маљаллањои ноњиявї: «Њодисањо», «Навигари-њо», «Фоторепартажњо. Мултимедиа», «Хадамоти матбуот», «ВАО дар бо-раи маќомоти њокимияти давлатї», иттилоот дар бораи чорабинињои њо-зира, «Прессрелизњо»;
шуъбаи умумї: «Эълонњо», «Њодисањо», «Навигарињо», «Фармонњо», «Ќарорњо», «Фармоишњо», «Маълумотномаи телефонї»;
котиби матбуотии дастгоњи раис: «Фоторепортажњо», «Мултимедиа», «Маълумотномаи телефонї», «Таљњизот»;
кормандон: «Сањифањои шахсии кормандон», иттилоот дар бораи кормандон;
дигар (тибќи сохтор ва ташкилотњои зертобеъ).
- Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини соњавї ва му-
дири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњия вогузор карда шавад.
Иљрокунандаи вазифаи
раиси ноњияи Фархор Рањматзода Р.М.
Низомномаи
тартиби нашрва навкунии маводи иттилоотї дар сомонањои расмии маќо-моти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот ва ташкилоту муассисањо дар шабакаи Интернет
1.Муќаддима
1.1. Низомномаи тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотї дар сомонањои расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, маќомо-ти худидоракунии шањрак ва дењот ва ташкилоту муассисањо дар шабакаи Интернет (минбаъд-Низомнома) муњлат ва пайдарпаии амалњои корман-дони масъули маќомоти њокимияти давлатиро тартиби њамкории байни во-њидњои сохторї, ташкилотњои зертобеи он, инчунин њамкориро бо дигар маќомоти њокимияти давлатї њангоми љойгиркунии иттилоот дар сомонаи расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатї муайян менамояд.
1.2.Дар Низомнома мафњумњои зерини намудњои иттилооти љойгир-шаванда истифода мешаванд:
1.2.1.Иттилооти хабарї (навигарї)-иттилоот дар бораи чорабинињо, рўйдодњои муњим, ки метавонанд манфиати љамъиятї дошта бошанд, оид ба натиљаи кори маќомоти њокимияти њокимияти давлатї, воњидњои сохто-рї, ташкилотњои зертобеи маќомоти њокимияти давлатї аз љумла иттило-оти пешакї (анонс), иттилоот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї, ки аз љониби роњбари маќомоти њокимияти давлатї ќабул мегарданд;
1.2.2.Иттилооти хусусияти мањсулотї ва тањлилї –иттилоот дар бо-раи фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї, воњидњои сохтории маќомо-ти њокимияти давлатї, зертобеи маќомоти њокимияти давлатї ё ба маќомо-ту ташкилотњои мазкур воридгардида ва дар шабакаи иттилоотию теле-коммуникатсионии «Интернет» бояд љойгир карда шаванд;
1.2.3.Иттилооти мунтазам навкардашаванда- иттилооте, ки ба фаъо-лияти маќомоти њокимияти давлатї, воњидњои сохтории он, ташкилотњои зертобеи маќомоти њокимияти давлатї ё ба маќомоту ташкилоти мазкур воридгардида, кибо мурури таѓйирот дар асоси системавї нав карда меша-вад;
1.2.4.Иттилооти даќиќкунанда-иттилоте, ки ба њуљљатњои дорои хусу-сияти маълумотї ва тањлилии даќиќкунї ва таѓйиротро дар бар мегирад.
2. Нашри иттиллоот дар сомонаи расмї
2.1.Дар сомонаи расмии маќомоти њокимияти давлатї (минбаъд-со-мона) иттилооти зерин нашр карда мешавад:
2.1.1.Маводи иттилоотии маркази матбуоти макомоти њокимияти давлатї;
2.1.2.Маводи иттилоотии воњидњои сохторї ва ташкилотњои зерто-беи маќомоти њокимияти давлатї;
2.1.3.Изњорот ва мусоњибањои роњбари маќомоти њокимияти давлатї;
2.1.4.Барнома ва наќшањои фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї, њисоботњо дар бораи иљрои буљет.
2.1.5.Иттилоот дар бораи маќомоти њокимиятї (њайат, иттилоот дар бораи роњбарияти маќомоти њокимияти давлатї), дигар маќомоти њокими-
яти иљроия (иттилооти умумї, низомномањо, маълумот барои тамос);
2.1.6.Маводи маълумотию тањлилї дар бораи рушди соњањои маќо-моти давлатї (саноат, кишоварзї, соњибкории хурд, тандурустї, маориф, иљтимої), ки ба ваколати маќомоти њокимияти давлатї дохил мешаванд;
2.1.7.Номгўи барномањои давлатии мањаллї ва љумњуриявї, иттило-от дар бораи амалисозии онњо (дар соњаи фаъолияти идора; дар ќаламрави маќомоти мањаллии њокимияти давлатї);
2.1.8.Иттилоот дар бораи амалисозии лоињањои миллии афзалиятнок (дар соњаи фаъолияти идорањои дахлдор дар ќаламрави маќомоти мањал-лии њокимияти давлатї);
2.1.9.Маводи маълумотию тањлилї дар бораи робитањои байналмилалї ва байннимитаќавии маќомоти њокимияти дав-латї;
2.1.10.Маводи маълумотию тањлилї дар бораи татбиќи технология-њои иттилоотию коммуникатсионї, рушди фарњанг, сайёњї, варзиш дар ма-комоти њокимияти давлатї;
2.1.11.Иттилооти маълумотї дар бораи маќомоти њокимияти давла-тї, аз љумла ноњия (мавќеи љуѓрофї, таърих, рамз, иттилоот дар бораи со-њањои хољагии халќ, мукофот ва љоиза, њамдиёрони номї ва шањрвандони фахрї, иншоотњои мероси фарњангї, њунарњои мардумї, воситањои ахбори омма ва ѓайра);
2.1.12.Иттилоот дар бораи ќабули шањрвандон, мурољиати шањрван-дон ба маќомоти њокимияти давлатї;
2.1.13.Маводи акс ва овозї, ки иттилооти болозикрро њамроњї мена-моянд;
2.1.14.Дигар иттилоот дар бораи фаъолияти макомоти њокимияти давлатї бо дар назар доштани талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њуќуќи дастрасї ба иттилоот» ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 июли соли 2017,№344 «Дар бораи Ќоидањои ягона барои сомонањои расмии вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокими-яти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар шабакаи Интернет».
3. Муњлати пешнињод ва баррасии иттилоот бароинашр дар сомона
3.1.Муњлати пешнињод ва баррасии иттилоот барои нашр дар сомона вобаста аз намуди иттилоот муайян карда мешавад, аз љумла:
-иттилооти хабарї њангоми зарурат вобаста аз ваќти баргузории чо-рабинињо ва муњимияти онњо пешнињод карда мешавад, аммо на дертар аз 6 соат баъд аз ба охир расидани чорабинї;
-иттилооти хусусияти маълумотї ва тањлилї на камтар аз як мароти-ба дар як семоња пешнињод карда мешавад;
-иттилооти системавї навкардамешуда мувофиќи муњлатњои муќар-рарнамудаи иљрокунанда пешнињод карда мешавад;
-иттилооти даќиќкунанда дар як ваќт бо пайдо гардидани аниќкунї ва таѓйирот пешнињод карда мешавад.
3.2.Иттилоот аз љониби иљрокунандаи масъул на дертар аз 3 рўзи ко-рї то санаи љойгиркунї (ба истиснои иттилооти хабарї) пешнињод карда мешавад.
3.3.Роњбарони воњидњои сохтории маќомоти њокимияти давлатї пеш-нињоди сариваќтии иттилоотро таъмин менамоянд ва барои он масъулияти шахсї доранд.
3.4.Њангоми зарурати нашри иттилоот дар сомона дар муњлати муай-ян дар мактуби њамроњшаванда муњлати дахлдор нишон дода мешавад.
3.5.Муњлати баррасии иттилооти ќабулгардида бояд на бештар аз ду рўзи корї аз санаи ќабули он бошад.
3.6.Иттилоотро барои љойгиркунї дар сомона роњбарони воњидњои сохторї, ташкилотњои зертобеи маќомоти њокимияти давлатї пешнињод менамоянд.
3.7.Иттилооти хабарї дар шакли хаттї зери имзои роњбари воњиди сохторї, ташкилоти зертобеи маќомоти њокимияти давлатї ё шахсони он-њоро ивазкунанда ба воњиди сохторї оид ба кор бо воситањои ахбори ом-маи маќомоти њокимияти давлатї пешнињод мегардад ва дар шакли элек-тронї ба суроѓаиэлектронииfarhor.tj(тибќи банди 5-и Ќоидањои ягона ба-рои сомонањои расмии вазорату идорањо, маќомоти иљроияи мањаллии њо-кимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар шаба-каи Интернет, кибо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 июли соли 2017,№344 тасдиќ шудааст) бо нишон додани насаб, номи падар ва телефонњои иљрокунанда барои тамос ирсол мегардад.
3.8.Иттилоотњои дорои хусусияти маълумотї ва тањлилї ба маќомо-ти њокимияти давлатї бо мактуби њамроњшуда ба номи муовини роњбари маќомоти њокимияти давлатї, маъмури мундариљаи иттилоотї (минбаъд роњбари хадамоти иттилоот) зери имзои роњбаривоњиди сохторї, ташки-лоти зертобеи маќомоти њокимияти давлатї ё шахсони онњоро ивазкунан-да бо нишон додани насаб, ном, номи падар ва телефонњои иљрокунанда барои тамос дар шакли хаттї ва электронї пешнињод карда мешавад. Ит-тилооти дорои хусусияти маълумотї ва тањлилї дар шакли электронї ба суроѓаи электронии farhor.tjирсол карда мешавад.
3.9.Иттилооти мунтазам навкардашаванда дар аввал ба маќомоти њокимияти давлатї бо мактуби њамроњшуда зери имзои роњбари воњиди сохторї, ташкилоти зертобеи маќомоти њокимияти давлатї ё шахсони он-њоро ивазкунанда бо нишон додани насаб, ном, номи падар ва телефонњои иљрокунанда барои тамос дар шакли хаттї ва электронї ба хадамоти итти-лоот пешнињод карда мешавад. Дар оянда иттилооти мунтазам навкарда-шаванда ба суроѓаи электронии farhor.tjвоњиди сохторї оид ба кор бо во-ситањои ахбори оммаи маќомоти њокимияти давлатї фиристода мешавад.
3.10.Иттилооти даќиќкунанда, ки таѓйиротро ба њуљљатњои дорои ху-сусияти маълумотї ва тањлилии ќаблан пешнињодшуда дар бар мегирад, ба суроѓаи электронии farhor.tjбо нишон додан насаб, ном, номи падар ва телефонњои иљрокунанда барои тамос фиристода мешаванд.
3.11.Њангоми ворид гардидани иттилооти хабарї мутахассиси во-њиди сохторї оид ба кор бо воситањои ахбори оммаи маќомоти њокимияти давлатї рўзи воридшавии иттилоотро ба ќайд мегирад ва сабт менамояд.
4.Љойгиркунии иттилоот дар сомона
4.1.Муњлати чойгиркунии иттилоот набояд аз муњлати зерин зиёд бо-шад:
-барои иттилооти хабарї-6 соат;
-барои иттилооти дорои хусусияти маълумотї ва тањлилї-3 рўзи корї;
-барои иттилооти мунтазам навкардашаванда-3 рўзи корї;
-барои иттилооти даќиќкунанда-1 рўзи корї;
4.2.Иттилоот дар њолатњои зерин наметавонад дар сомона љойгир карда шавад:
4.2.1.Номутобиќии мундариљаи иттилооти пешнињодшуда ба мунда-риљаи иттилоотии сомона тибќи Низомномаи сомонаи расмии маќомоти њокимияти давлатї, ки аз љониби роњбари маќомоти њокимияти давлатї тасдиќ карда шудааст.
4.2.2.Тааллуќ доштани мундариљаи маълумоти дар иттилооти пеш-нињодшуда ба маълумоти дорои сирри давлатї ё дигар сирри бо ќонун њифзшуда;
4.2.3.Мундариљаи маълумоти дар иттилоот пешнињодшуда онро њам-чун иттилооти хусусияти тиљоратї тасвир мекунад;
4.2.4.Мундариљаи маълумоти дар иттилоот пашнињодшуда, ки на-жодпарастї, миллатгарої, хусумат, бадбинии иљтимої ва мазњабиро таѓ-йир мекунанд, дорои тањќир дар шакли мустаќим, тањдидњо нисбати шах-сони алоњида ё ташкилотхо, вайрон кардани њуќуќњои ноболиѓон, маълу-моти шахсии шахсони сеюм мебошанд.
4.3.Иттилооти бакайдгирифташуда дар давоми як рўзи корї аз љони-би роњбари воњиди сохторї оид ба корбо воситањои ахбори омма ё шахси ивазкунандаи ў баррасї гардида, иљрокунандаи масъул ва муњлати љойгир-кунии иттилоот муайян карда мешавад.
4.4.Њангоми ворид гардидани иттилоот дорои хусусияти маълумотї ва тањлилї мутахассиси маќомоти њокимияти давлатї, ки масъули коргу-зорї аст, рўзи воридшавии иттилооти ба маќомоти њокимияти давлатї воридшударо ба ќайд мегирад.
4.5.Иттилооти баќайдгирифташуда дар давоми як рўзи корї ба бар-расии роњбари хадамоти матбуот ё шахси ўро ивазкунанда фиристода ме-шавад. Дар натиљаи баррасии роњбари хадамоти матбуот дар муњлати як рўз дар бораи љойгир кардан ё чойгир накардани иттилоот амри хаттї медињад, иљрокунанда ва муњлати иљрои њуљљатро муайян менамояд. Баъд аз муайян намудани иљрокунанда иттилоот дар давоми як рўзи корї ба иљ-рокунанда барои љойгиркунї дар сомона фиристода мешавад.
4.6.Иттилооти мунтазам навшаванда ва даќиќкунанда, ки таѓйирот-ро дар њуљљатњои ќаблан пешнињодшуда дар бар мегирад, бе баррасии пе-шакї дар сомона љойгир карда мешавад.
4.7.Дар њолате, агар тибќи амри хаттии роњбари хадамоти иттилоо-тии маќомоти њокимияти давлатї иттилоот дар сомона љойгир карда на-шавад, њуљљат аз њисоб бароварда, ба бойгонї гузошта мешавад. Воњиди сохторї ё ташкилоти зертобеи маќомоти њокимияти давлатї, ки иттило-отро барои љойгиркунї фиристодааст, дар бораи љойгир намудани иттило-от хабардор карда мешавад.
4.8.Мутахассиси воњиди сохторї оид ба кор бо воситањои ахбори ом-маи маќомоти њокимияти давлатї, масъули љойгиркунии иттилоот дар со-мона (минбаъд-мутахассис) иттилоотро такмил медињад ё хабари иттило-отро тањия ва дар ќисми дахлдори сомона љойгир менамояд.
4.9.Дар њолати зарурати дар сомона љойгир намудани иттилоот дар муњлати муайяне, ки дар мактуби њамроњшуда зикр гардидааст, мутахассис иттилоотро дар муњлати зикргардида љойгир менамояд.
4.10.Санаи љойгиркунии иттилоот дар сомона санаи пешнињод наму-дани дастрасии озод ба иттилооти мазкур њисобида мешавад.
4.11.Њангоми зарурати ворид намудани таѓйирот ба иттилооти ба-рои дастрасии озод љойгиршуда, мутахассис иттилооти таѓйирдодашударо (навсохташударо) дар як ваќт бо ворид гардидани таѓйирот ва ислоњот љойгир менамояд.
4.12.Баъд аз љойгир кардани иттилоот мутахассиси маќомоти њоки-мияти давлатї, масъули коргузорї, иттилооти дар сомона љойгиршударо дар махзани маълумоти электронии маќомоти њокимияти давлатї ба њисоб мегирад.