АХБОРИ НОКОМИ РАДИОИ ОЗОДӢ

 

Дар бахши «Ахбори Радиои Озодӣ” санаи 25-уми феврал хабареро интишор додаанд, ки оиди тоҷикони муқими Эрон сухан меравад.

Дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон(ҶИЭ) Абдуризо Раҳмонӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва бо ҳамкасбони худ вохурӣ анҷом дода буданд. Қабл аз ин вохурӣ донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки айни ҳол дар Эрон иқомат доранд, аз Абдуризо Раҳмонӣ дархост намудаанд, ки дар рафти вохурӣ бо ҳайати кории Тоҷикистон масъалаи донишҷӯёни тоҷики муқими Эронро баррасӣ намоянд. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби динӣ таҳсил доштанд, арз намудаанд, ки ҳангоми баргаштанашон ба ватан беш 50 нафар аз тарафи мақомтҳои амниятӣ боздошт ва бозпурсӣ карда шудаанд ва қисмате аз он зиндонӣ шудаанд. Вокуниши мақомоти Эрон ба Тоҷикистон то ҳол дастрас нашудааст.

         Расонаҳои дохилии Эрон номаи ҷамъияти мусулмонони тоҷикистониёни муқими Эронро нашр намудаанд, ки ҳаммазмуни дар боло зикршуда мебошад. Муаллифи ин номаҳо таҳсили донишҷуёни тоҷикро дар муассисаҳои олии Эрон қонунӣ ҳисобидаанд.

“Радиои Озодӣ” пеш аз интишори ин матлаб аз он бехабар аст, ки дар Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "4" апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст, ҷиҳати дар дохили кишвар омода намудани рўҳониёни исломии дорои дониш ва маърифати баланду муосири динию дунявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №547 дар муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми АъзамАбўҳанифа Нуъмон ибни Собит" барномаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва корҳои идоракунӣ дар донишкадаи мазкур дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

Дар муқаррароти дигари консепсия қайд гардидааст, ки дар солҳои охир бахше аз ҷавонон барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар мераванд, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ вобаста ба танзими масъалаи мазкур ин раванд дар ҳолатҳои муайян идома дорад. Чунин раванд нораво буда, он бояд дар доираи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф ҷиҳати таъмини риоя ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №662 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар" ва минбаъд ба Ватан баргардонидани толибилмоне, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил доранд, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар давраҳои паҳн гардидани падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму эктремизм, хусусан дар кишварҳои Осиёи миёна, таҳлилҳо нишон дод, ки толибилмони дар муассисаҳои динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил менамуданд, баъди баргаштан ба ватан ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ба мазҳабу равияҳои гуногун шомил гардиданд ва дар дохили кишвар дар байни мусалмонону масоҷидҳо фитнаю ихтилофҳо эҷод менамуданд.

Айни ҳол қисми зиёде аз аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати ислом, ки бо Қарори Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардида аст, хатмкардагони мактабҳои динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аз ҶИЭ мебошанд.

Шомил гардидани донишҷӯёни тоҷик ба мазҳаби шиа ва равияи салафию ваҳобӣ дар мактабҳои динии хориҷи мамлакат барои амнияту осоиши кишвари Тоҷикистон мамониятҳо эҷод карда буданд. Онҳо ба намозгузорони тоҷик таъсири руҳи расонида, тарзу усули дигари ибодатро ба онҳо меомӯзонданд. Ба ақидаи онҳо чунин усули ибодат аз паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад боқӣ мондааст. Ҳатто аз рафтору либоспӯшӣ то гузаронидани ҷанозаву дафни маитон дастуру усулҳои навро ворид менамуданд, ки ин низ таъсири манфиашро ба руҳияи мардуми кишвар мерасонид.

Қисме аз дигари донишҷӯён дар хориҷ таълими динӣ гирифта, омода буданд, ки ба давлати Сурияву Ироқ рафта дар ҷангҳои байни мусулмонон, ки дар он мазҳаби шиа ва суннӣ байни ҳамдигар меҷангиданд, бо онҳо ҳамроҳ шуда, ҷиҳод намоянд. Шубҳае нест, ки қисме аз онҳо аллакай бе ному нишонанд. 

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдорро зарур омад, ки донишҷӯёни аз хориҷи кишвар омадаро таҳти бозпурсӣ қарор диҳанд ва нисбати онҳо чораҳои лозимиро зарур донанд.

“Радиои озодӣ” аз ҳамаи ин низоъҳову бесарусомониҳое, ки донишҷӯёни дар хориҷи кишвар бе дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълимоти динӣ гирифтаанд, баъди баргаштан ба чи кору кирдорҳо машғул буданд, нағз огоҳӣ дорад. Чунин хабарҳо дар байни тарафдорони ин донишҷӯён фитнаю вокунишҳо эҷод мекунад.

Тоҷикистон ҳамчун узви мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ дар канор набуда, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад.

 

Т.Вадудов, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест