НАҚШАИ ТАБАДУЛЛОТИ ТЭТ ҲНИ
Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ худро мухолифини сарсахти давлати Тоҷикистон дониста, аз ҳар дару дарвоза сару садое баланд карда, Давлату Ҳукумати Тиҷикистонро зери интиқоди шадид қарор медиҳанд ва бо ифтихори сохтаву бофта мегӯянд: «вақте худро аъзои ҳизб мегӯем, бояд ифтихор дошта бошем, ки аъзои як ҳизби исломием, ҳизбе, ки дар пояи фармудаҳои Қуръону суннат роҳандозӣ шудааст». Мутаассифона, ҳизбе, ки суннатро зери по кардаву онро М. Кабирӣ ба манфиати гурӯҳӣ табдил дод. М.Кабирӣ ба ҳақиқати ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар баҳои воқеӣ надода, адовату душмании худро нисбат ба давлату миллати тоҷик пайваста идома медиҳад. Ҳол он ки онҳо буданд, ки дари ихтилоф дар динро ба рӯи мардуми тоҷик кушоданд ва боиси вуруди ақидаҳои бегона ба кишвар гардиданд.
То ҳол аъзои ТЭТ ҲНИТ замони муосирро «марҳилаи сангингузар барои наҳзати исломӣ» унвон карда, сармоягузории Кабирӣ барои ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар санаи 4-уми сенябри соли 2015-ро баҳонае беш намешумориданд. Борҳо мақомоти марбутаи Тоҷикистон собит намуда буданд, ки дар он воқеаҳо дасти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ кам нест ва он имрӯз бори дигар исбот гардид. Ҳатто, писари Муҳиддин Кабирӣ - Руҳуллоҳ Тиллозода ба Назарзода кӯмаки молӣ расонд. Яъне, як рӯз қабл аз он ҳодиса Р. Тиллозода ба Абдуҳалим Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА дод.
Дар мавриди расондани маблағи мазкур боз се нафар аз наздикони Кабирӣ, аз ҷумла, Ҷамшед Нарзуллоев, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев ва Ҳикматулло Сайфов мусоидат карданд. Онҳо низ гуфтанд, ки ин корро танҳо бо супориши М.Кабирӣ ва миёнаравии Т.Руҳуллоҳ ба анҷом расонданд. Дигар ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа надорад, чунки рози ниҳони хиёнаткориҳои Кабирӣ дер намонд ва зуд фош гашт. Онҳо даъвои беасос доштанд, ки Додгоҳи олӣ дар ибтидои он марҳила бо барчаспҳои ифротгарову террористӣ домани наҳзатро аз пушт доғдор ва ба ҳамин баҳона фаъолияти онро расман дар кишвар қатъ кард. Дар идомаи матлаб дар бораи фаъолияти наҳзат сухан ронда, ҳарфҳои тахминиву бевазн дар ҳар гуфтор зиёд ба назар мерасад. Кабирӣ гоҳ худро дар доираи қонун фаъолияткунанда ва гоҳи дигар дар доираи шариат амалкунанда иброз медорад. Вале дар ҳарду ҳолат иштибоҳ мекунад: на ба шариат наздик ҳасту на ба қонунҳои амалкунандаи ҷаҳонӣ мувофиқ.
Шоимардонзода Х, омӯзгор