АФКОРБАЁНӢ ДАР МАТБУОТИ ТОҶИК

 

Солҳои 90-уми асри 19 дар Осиёи Марказӣ тақсимшавии матбуот ва ҷараёнҳои пешқадаму иртиҷоӣ сар шуда буд. Барои фаҳмондадиҳии ҳолати мавҷуда ва муайянкунии афкори омма, ки дар кадом як самт қарор гиранд, будани матбуот лозим шуда монд. Рузномаву маҷаллаҳои аввалине, ки онҳо дар боло бурдани маърифатнокӣ ва бедории шуури мардуми мо саҳм гирифтаанд, инҳо «Хуршед», «Туҷҷор», «Осиё», «Тарҷумон» ва «Туркестанская ведемости” мебошанд. Аз моҳи декабри соли 1914 то моҳи феврали соли 1917 рузномаи «Баҳри Ҳазар» ба забони тоҷики ва туркӣ мебаромад.

Афкори ҷадид ва ғояҳои пешқадами демократӣ ,маорифпарварӣ дар рузномаҳои «Самарқанд» (1904-1907) варузномаҳои тоҷикии «Садои Фарғона», «Садои Туркистон» ва «Бухорои Шариф» чоп мешуданд.

«Бухорои Шариф» аввалин рӯзномаи софи тоҷикӣ буд, ки дар шаҳри Бухоро аз 11-уми марти соли 1912 ҳафтае се маротиба дар Бухорои нав-Когон руи чопро медид. Устод С. Айни дар мақолааш -«Қавми тоҷик ва рӯзнома оиди лозим будани рузнома чунин навиштааст: “Рузномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гуё забон надорад.”

С. Айнӣ, Мирзо Шерози Ҳаким, Абдулвоҳиди Мунзим, Фитрат, А Ҳамдӣ фаъолтарин рузноманигорони он буданд.

Рузномаи «Бухорои Шариф» бо вуҷуди он ки аз 11-марти соли 1912 то 2-юми январи соли 1913 ҳафтае 3 маротиба, ҳамаги 153 шумора нашр шуда бошад, тавонистааст, ки оғози журналистикаи тоҷикро поягузорӣ кунад, афкори мардумро ба роҳи дуруст сафарбар намояд.

Дар шароити қонунӣ, ки замони истиқлолият ном дораду озодии баёнро давлат пуштибонӣ мекунад, теъдоди зиёди маҷаллаҳои давлвтию хусусии соҳавӣ ва ғайридавлати арзи ҳастӣ доранд. ВАО-и имруза ниёзҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию мардуми моро пиёда карда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом журналистонро ба афкорбаёнӣ, шафофияти баён ва инъикоси воқеии руйдодҳо даъват карда, матбуотро чун қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф доранд.

Ҳама навъи матбуоти ватанӣ имрузҳо назари созандагӣ ва ободгароиву бунёдкоронаи роҳбари давлатро дастгирӣ доранд.

Бойматзода А, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест