БЕҲАЙСИЯТИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

 

Гурӯҳҳои ба ном «мухолифин»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди фаъолияти муғризонаи худ аз ҳеҷ навъ бешармию беҳаёӣ парҳез намесозанд. Дар навиштаҷотҳои сомонаи иғвоангези «Ислоҳ.нет», аз ин қабил бадахлоқиҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, таҳқир ва матлабҳои ноасосу иғвобарнгез нисбати оилаи Сарвари давлат ба мушоҳида мерасанд, ки ин паст будани ақлият фаҳмиш ва ноҷавонмардии наҳзатиёнро нишон медиҳад. Сониян, ин як навъ таҳқир ба тамоми миллати шарафманди тоҷик ҳисобида мешавад.

Ба ҳамин монанд иддаоҳои бемантиқу беасос ва ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои иғвоангези «Ислоҳ.нет» гувоҳи муғризона будани наҳзатиёни касифро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад.

Сомонаи «Ислоҳ.нет»-и ТТЭ собиқ ҲНИ иқдомест бешармона ва бемантиқ дар ростои таҷлилӣ иди Зан-Модар оид ба хонаводаи сарвари муаззами кишвар рабт дода бо чанд гуфтаҳои ноҷавонмардонае вобаста ба ин ҷашни ҷаҳонӣ. Таҳлил намудани ин матлабе, ки сомонаи «Ислоҳ.нет» нашр намудааст нишон медиҳад, ки кинаву ғарази гурӯҳҳои бадҳоҳ бар болои занҳо мерасад. Фаъолият ва даъватҳои бемантиқу бемаънои ҳамин гуна сомонаҳои ғаразнок то имрӯз фақат аз болои занҳо мегуянду менависанд. Барои он ки ин сагони чаккок на қадру қиммати модар-зан ва фарзанди худро медонанд. Агар шахсе, ки модар ва зани худро эҳтиром намояд, ҳеҷгоҳ модар ва зани каси дигарро зери танқид қарор намедиҳад. Зан-Модар ин номўси ҳар ҷавонмард аст.

Мавҷудияти як нерӯи мухолиф ё ба истиллоҳ оппозитсия хоси тамоми ҳукуматҳо ва давлатҳои ҷаҳон аст, ки ба шеваи идоранамоии ҳукуматҳояшон бо ҳар роҳу усул норозигии худро изҳор медоранд. Вале шояд таърих чунин «мухолифин»-и бешарму беҳаё ва бевиҷдону бадкирдорро ёд надошта бошад, ки масъули ҳар мусибати бадбахтии худу оила ва хешу ақрабояшон ҳукумат ва раҳбари онро донанд. Худ ниҳоле ба самар нарасонида мехоҳанд боғи пурборро решакан созанд. Ба ҷӯе об наоварда, чашмаро хушконанд. Ҳамаро ба бемасъулиятӣ, ноӯҳдабароӣ ва ришвахӯриву фасодкорӣ муттаҳам намуда, худ дар ин корҳо устоданд!

Аз мушкилоти мардум ҳангома сохтан ва ба шахсияти зану духтари каси дигар расидан, чашм ало кардан ва аз он ба манфиатҳои сиёсӣ сӯистифода кардан, хоси мардуми тарсую паст ва беҳайсият мебошад.

 

А.Хидидров, Минбари омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест