КАБИРӢ ДУШМАНИ НАВРӮЗ АСТ

 

Ҳафтаи сипаригашта дар шабакаи иҷтимоии Ютуб роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар атрофи мавзӯи гуё сар задани тазоҳурот дар рӯзи таҷлил гардидани Ҷашни Наврӯз буд, доир гардида буд. Ин амали нангини наҳзатиҳоро як кӯшиши суиқасд ба Ҷашни Наврӯз номидан мумкин аст. Дар рафти ин сӯҳбат аз ҷониби саркардаи ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ суханҳои бисёр пурвоҳимае гуфта шу д ва ӯ айбро ба гардани диагрон партофту туҳмати зиёд кард.

Агар дурусттар таваҷҷуҳ кунем, ҳамаи ин суханрониҳо танҳо аз дуруғугӯӣ, воҳима, худсафедкунии наҳзатиҳо ва туҳмат кардани Ҳукумати кишвар иборат аст. Солҳои охир ғайр аз шикасту шармандагӣ чизи дигаре насиби ин тудаи зиддимардумӣ нагардидааст. Зеро ин созмон аз аввал ба дуруғу мардумфиребӣ асос ёфта, бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Инҳо душмани мардуми Тоҷикистон ва душмани Наврӯз мебошанд. Дар асл, фаъолияти наҳзатиҳо бештар аз найрангу гумроҳ крдани мардум иборат буду иборат аст. Масалан, таъсис додани ба ном ПМТ як макру ҳиллаи навбатии саркардаи наҳзатиҳо буд, ки бо мақсади идома додани ҳузури худ ва ҳаммаслаконаш дар Аврупо ва ҷалби бештари муҳоҷирони тоҷикистонӣ анҷом додааст. Бо ин мақсад раҳбари террористони наҳзатӣ аввал чанд ташкилоти дуруғинро ташкил дода, сипас онҳоро ҳамроҳи ТТЭ ҲНИ дар ҳайати ПМТ шомил кард. Аммо «Паймони миллӣ», дар асл ҳамон ташкилоти террористии наҳзатӣ буда, таъсис додани он танҳо як макри навбатии онҳост.

Раҳбарону масъулони ин гуруҳи террористони зиддимиллӣ барои ба раҳгумӣ бурдани мардум ва расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон, дар гузашта низ аз ин гуна усулҳо истифода кардаанд. Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ҳам онҳо мақсадҳои аслии худро бо он рӯйпуш мекарданд, ки гуё барои арзишҳои миллӣ ва манфиати миллӣ мубориза мебурда бошанд. Айнан ҳамон амалҳое, ки айни замон анҷом медиҳанд. Дар солҳои навадум ифротгароию ихтилофҳо дар ҷомеъа зиёд гардида, мутаасифона аксари созмону иттиҳодияҳои дигари навташкил зери таъсири собиқ ТТЭ ҲНИ қарор гирифта буданд. Зеро ТТЭ ҲНИ нисбат ба дигар созмонҳои дар он замон фаъолиятдошта иқтидори зиёд дошта, аз хориҷа дастгирии моддию маънавӣ меёфт ва маблағгузорӣ мешуд. Аммо мардуми огоҳи кишвар наҳзатиҳоро қабул надошт ва ба муборизаи зидди онҳо бархост.

Наҳзатиҳо аз як тудаи ниҳоят каму заиф иборатанд ва ғайр аз паҳн кардани хабару мақолаҳои дуруғу иғвоангезона дар воситаҳои ахбори умум, ва туҳмат кардани Ҳукумату давлати Тоҷикистон, кори дигаре аз дасташон намеояд.

Баъд аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудан наҳзатиҳо тамоми фурсату имкониятро истифода бурда, худро ҳамчун неруи мухолифи сиёсӣ намоиш медиҳанд ва ба хотири раҳгум занондани мардум ҳамеша аз демократия, ҳуқуки инсон, озодӣ, манфиати миллат ва дигар арзишҳои воло ҳарф мезананд. Дар асл, онҳо ҳаргиз аз мақсади худ, яъне ғасби қудрати сиёсӣ ва барпо кардани давлати теократӣ даст накашидаанд. Паҳн шудани овоза дар хусуси «21 март» низ исботи найрангбозию мақсади нопоки наҳзат аст.

Ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз бунёдаш ба арзишҳои миллӣ мухолифат дорад. Ақидаҳои раҳбарияту масъулони ин ташкилот, ки дар асоси ифротгароӣ бунёд ёфтаанд, ба ҳувияти миллӣ комилан бегона ва мухолиф мебошанд.

Аз ҷониби доираҳои манфиатдори хориҷӣ дастгирӣ ёфтани наҳзатиҳо низ аниқ аст. Агар пуштибонии молиявии хориҷӣ намебуд, наҳзатиҳо дар Аврупо чӣ гуна метавонистанд фаъолият дошта бошанд? Ин гуна ташкилотҳо, ки ҳувияти миллӣ надоранд ва барои дарёфти фоида аз ягон амал худдорӣ намекунанд, ҳамеша мавриди пуштибонии ягон неруи хориҷии манфиатдор қарор мегиранд ва аз суи он истифода мегарданд.

 

П. Баҳриддинзода, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест