ФИТНАИ НАВБАТИИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ

 

 

Ахиран раҳбари ташкилоти террористии наҳзатӣ дар атрофи овозаҳо дар хусуси гӯё доир шудани эътирозот ё инқилоб дар 21-уми марти соли равон бо наҳзатии дигар – Шавкат мусоҳибае доир карда, бисёр кушиш кард, ки бо ин баҳона ҳукуматро туҳмат кунад ва айбро ба гардани дигарон бор кунад.

Саркардаи наҳзатӣ худро мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунад, ки гуё ба паҳн шудани ин гуна овозаҳо дахл надошта бошад. Аммо аз суханонаш бармеояд, ки паҳн кардани ин овоза пеш аз ҳама аз тарафи худи ӯ амалӣ гардидааст. Ин як фитнаи навбатии наҳзатиҳост. Яъне онҳо дар бораи гуё зуҳур кардани инқилобе овоза паҳн карда, бо ин роҳ мехоҳанд дар ҷомеаи Тоҷикистон нооромиро ба миён оранд ва мардумро бесаранҷом кунанд. Ба ҳисоб гирифтаанд, ки агар дар кишвар нооромӣ сар занад, он гоҳ метавонанд ниятҳои нопокашонро амалӣ кунанд. Албатта ин як хаёли хом аст. Ҳаргиз саркардаи наҳзатӣ ва тудаи ҳамроҳаш муваффақ намегарданд. Зеро мақсадҳояшон зиддимардумӣ аст ва хиёнаткорона бар зидди Ватану миллат равона карда шудааст.

Дар асл, ҳама медонанд, ки раҳбари ҷинояткор ва фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ нафари ниҳоят фурсатталабу манфиатҷӯ аст. Инро таҷрибаи чанд соли охир комилан исбот кардааст. Саркардаи наҳзатӣ танҳо дар фикри ба даст овардани манфиати моддию молии худаш аст. Вай ҳеҷ гоҳ дар ғами мардум набуду нест. Ҳам дар замони дохили Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа буданаш фақат сарват ҷамъ кардан мехосту мехоҳад. Инчунин фурсатеро мепояд, ки чи кор кунаду қудрати сиёсиро ғасб кунад. Исботи инро мо дар сентябри соли 2015 ҳангоми сар задани кӯшиши табаддулоти номуваффақи наҳзатиҳо дидаем.

Имрӯз ҳам ҳар фурсатеро, ки муяссар гардид, барои таблиғи худу фаъолияти гуруҳи террористу табоҳкораш истифода мекунад. Бисёр номарду нобакор аст. Худаш дар Аврупо панаҳ бурдаву тавассути воситаҳои хабарӣ баромад мекунад ва мардумро дубора гумроҳ карданӣ аст. Вай як бор андеша намекунад, ки баъди ҷинояту амалҳои душманонааш ба мардум муроҷиат кардану баромад карданаш танҳо шармандагист. Мардуми мо аз саркардаи наҳзатию ташкилоти бадномаш нафрат дорад. Ҳама медонанд, ки вай ягон хел ҳуқуқи маънавии ба мардум муроҷиат карданро надорад. Аммо ин саркардаи наҳзатӣ чунон бешарму пурпуст аст, ки боз таблиғоти ифротгароёнаю зиддимиллиашонро тавассути расонаҳо идома медиҳад.

Дуруягию беномусии вай то ҳаддест, ки аз як тараф ин амали зиддимиллиро таҳрик медиҳад ва аз тарафи дигар вонамуд мекунад, ки гуё ин кори дасти ӯ нест ва боз аз Ҷашни Наврӯз ҳам ёдовар мешавад. Ин гуна найрангбозиаш албатта ниҳояти пастию разилист.

Найранги дигараш созмон додани ташкилоти Паймони зиддимилиаш буд. Ташкил додани чунин эътилофи дуруғин боз як шармандагии дигари наҳзатиҳо буд. Дар асл ин паймони зиддимиллӣ буда, ин амал ҳам як макру ҳиллаи навбатии наҳзатиҳост. Онҳо хостанд бо ин роҳ чеҳраи террористонаи аслиашонро пинҳон кунанду худро ҳамчун неруи мухолифи сиёсӣ ҷилва диҳанд. Чор ташкилотеро, ки паймони наҳзатиҳо дарбар мегирад (ТТЭ ҲНИ, Анҷумани Озодандешон, Ҷунбиши рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон ва Созмони муҳоҷирони ОМ) дар асл худашон ташкил додаанд ва аъзоёнаш ҳам худашон ҳастанд. Ягон созмону каси дигаре бо наҳзатиҳо паймон набастааст ва бо онҳо ҳамкорӣ намекунад. Ягон солимақл бо террорист аҳду паймон намекунад.

Албатта баромадҳо ва мусоҳибаҳои саркардаи наҳзатӣ дар васоити ахбори умум бисёр сохта аст. Зимни баромадҳо асосан ба таблиғи худаш машғул буда, ҳарзаи зиёд мегуяду Ҳукуматро туҳмат мекунад. Ҳарзаҳо мегӯяд, ки гӯё кадом гуруҳҳое иғвоангезӣ мекарда бошанду пеши роҳи муборизаи уро гирифтанӣ бошанд. Аммо кадом мубориза? Ё амалҳои террористонаашро ӯ муборизаи сиёсӣ меҳисобад?

Саркардаи наҳзатӣ имрӯз як ҷинояткорест, ки баъди содир кардани ҷинояту хиёнатҳо бар зидди Ватану миллат, фирор кардааст. Фаромуш набояд кард, ки наҳзатиҳо бо террору ифротгароиашон ном баровардаанд. Мардум наҳзатиҳоро шинохтааст ва аз мақсаду нияти онҳо огоҳ аст.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки наҳзатиҳо дар давоми солҳои зиёд бо вуҷуди кушишҳои фаровон, ҳамеша номуваффақ мебошанд. Аз ҷумла, ҳар гуна эътилофу паймонҳояшон зуд хароб мегарданд ва шикаст мехуранд. Зеро нияташон ба даст, амалҳояшон бар зидди Ватану миллат ва инсоният равона гардидаанд. Террористу ҷинояткор ва бадхоҳи Тоҷикистон ҳамеша ба шикаст дучор мегардад. Ин овозаҳояшон ҳам ба ғайри шармандагӣ чизи дигаре барои онҳо намеорад.

21 марти соли ҷорӣ низ мисли солҳои қаблӣ мардуми Тоҷикистон бо рӯҳияи созандаю бо фараҳмандӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар кишвари мо сулҳу оромӣ пойдор мемонад ва раванди бунёдкорӣ идома меёбад.

 

А. Одинаев, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест