ГОВИ БЕШИР ОВОЗИ БАЛАНД ДОРАД

mqdefault_5.jpg

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин мисраъҳояшро эҷод намуда, маъниҳои зиёдро дорост. Яъне, нанг, номус, иффат, покӣ ва дигар хислатҳои шоиста шарафи инсониро баланд мебардорад. Ӯро назди ҳамагон соҳибэҳтиром мегардонад. Филми ҳуҷҷатии “Бешараф”, ки мавриди таҳлили тамошобинон дар телевизиону шабакаҳои ватанӣ қарор гирифта буд, мушоҳидакори пухтасанҷро ба диққат меорад. Нафраташро ба он шахсони наҳзатӣ, ки имрӯз худро вориси дини поки ислом мешуморанд, бедор месозад. Дар ҳақиқат, мардум худ шоҳиди он ҳастанд, ки тамоми мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ҳамин саркардагони нопок буд. Аз кору кирдорҳои ин афрод то ҷое хеле огоҳ будем, вале ба ин дараҷа не. Воқифият аз он буд, ки мардум аз дасти инҳо фирефтаву фирорӣ гаштанд, бехонумон монданд, аз зану фарзанду аҳли аёли хеш ҷудо шуданд.

Хуллас,  ба чоҳи фиребу найранг афтиданд, аммо то ба ин ҳол омадани як фарзанди ноболиғро намедонистем. Акнун бо чашми сар дидем ва бо ақли худ шинохтем, ки Мулло-Қаландар ном шахс, ки фасод аз худи ӯ аввал сар задааст, фарзанди хешро қурбонӣ дар роҳи нопокӣ, бешарафӣ кардааст. Шояд амалҳои ношоистаи худи ӯ буд, ки дар ҷавобаш шаҳди талхи гумроҳӣ чашид. Аз андешаҳои ҳамсояву ҳамсинфон, равоншиносон ва дигар касоне, ки аз ҳаёту фаъолияти рӯзгораш огоҳанд, маълум шуд, ки ин каси бо ном диндор, вале аз фармудаҳои Куръони бузург бехабар бандаи нафс будааст. Фарзанди ӯ – Муҳаммадиқбол, ки бо хатои падар ба вартаи бешарафӣ афтид, чун худро шинохт, ӯро набахшид, ҳатто ба ҷанозахонӣ ҳам нарафт. Пас муҳити тарбияи дурусти фарзанд аз оила ибтидо меёбад. Агар падар соҳиби дониши комили диниву дунявӣ мебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ на худ мерафт на фарзандро ҳидоят мекард. Ӯ хатои худро фаҳмид, вале хеле дер. Афсӯс, ки писаре, ки шояд як шахси маъруф мешуд, ба бадтарин роҳе рафта, ки сабабгор таълими дурусти оилааш буд.

Ҳамчун як нафар ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишвар чунин хулоса карданиям, ки раёсат ба одамони хато афтод, ки хоҳ дар оила бошад ва хоҳ дар ҷомеа оқибати он решакан шудан аст. Агар Мулло – Қаландар ба ҳирси молу пул намерафт, фарзандаш Муҳамадиқбол низ мардумро фирефта бо пули калон намекард. Аз ҳама бад он аст, ки пояи дини исломро теша мезанаду покии онро доғдор месозанд. Мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

Б. Валиев, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест