ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА
Санаи 13уми апрел дар маҷлисгоҳи МИҲДи ноҳияи Фархор маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи дуюм баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Р.М., Миралиён Қ.А. намояндаи МИҲДи вилояти Хатлон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбар ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, котибон ва корманони дастгоҳҳои ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳал, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок доштанд.
Маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи якумро раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Р.М. бо баёни нутқи ифтитоҳӣ кӯшода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Миралиён Қ.А.ро ба аҳли толор шинос кард.
Баъдан, раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 мухтасаран ҳисобот дода, бештар дар атрофи масъалаҳои иҷрои нақшаи андозҳо, саноат, сохтмон, барқ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон, сатҳи ҷиноят, баррасии муроҷиатҳо, ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, вазъи кишту кори баҳорӣ, бахусус кишти пунбадона, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини корам, ба иҷро расонидани дурнамои кишти такрорӣ, ташкили гармхонаҳои доимию мавсимӣ, аз як қитъаи замин то 34 ҳосил ба даст овардан, аҳолии ноҳияро дар ҳамаи фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти хушсифати ғизоӣ таъмин кардан, пешгирии марҳилаи навбатии “коронавирус” ва иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.
Ба вижа, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба қадри 106,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 8788,1 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 9318,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуда, нисбати нақшаи муайяншуда 530,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 2392,9 ҳазор сомонии пешбинишуда 1906,8 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки 79,7 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 4352,4 ҳазор сомонӣ 4542,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 104,4% мебошад. Бақияпулиҳои андозҳо ба санаи 01.03. 2021 10895,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 56,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 01.04.2021 ба ҷойи 20235,3 ҳазор сомонӣ 19945,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 98,6%и нақша аст.
Дар ноҳия 30499 субъекти андозсупоранда мавҷуд буда, аз ин 1204 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 4380 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 19239 нафар андозсупорандагони замину амвол, 4430 нафар воситаҳои нақлиёт, 1246 нафар соҳибкорон мебошанд ва аз ин 958 субъект бо патент ва 288 субъект бо шаҳодатнома фаъолият доранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 ба 38046,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2812,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, баробари 104,4% аст. Дар ноҳия 23 адад корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 5 адад корхонаҳои коркарди пахта, 5 адад коргоҳи хурди насоҷӣ, 2 адад коргоҳи хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 1 фермаи мурғпарварӣ барои 12 000 сар мурғ ва 3 адад корхонаи оби нӯшокӣ ва обёрӣ мебошанд. Дар 3 моҳаи якум бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба масофаи 4,5 км чароғонкунии 5 адад деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти 20солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Фархор ва Деҳқонариқ ба маблағи 74832 сомонӣ иҷро шудааст.
Дар се моҳи соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 41922,8 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ки 12336,0 ҳазор сомониро ташкил медод, 29586,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 339,8 фоизро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба 37563,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ки 9864,8 ҳазор сомониро ташкил медод, 27698,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, баробари 380,8 фоиз аст. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 12967,4 ҳазор сомонӣ расонида шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ки 3341,5 ҳазор сомониро ташкил медод, 9625,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 388,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии ноҳия 7089 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ки 6641 метри мураббаъро ташкил медод, 448 метри мураббаъ зиёд аст, ки 106,7%ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ давоми семоҳаи якуми соли 2021 ба 39047,1 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 104,4%ро ташкил медиҳад. Дар ин давра, дар майдони 13885 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 72,0% баробар аст. Кишти ғаллалубиёгиҳо дар майдони 10804 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 10016 гектараш гандум ва 442 гектараш ҷав мебошад. Зироатҳои техникӣ 1392 гектар баробар ба 23,6% кишт шудааст, ки мутаносибан 4512 гектар кам мебошад. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 268,2 гектар картошка, 703 гектар полезиҳои озуқаворӣ, 360 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 363 гектар сабзавот кишт шудааст.
Риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» доимо дар мадди назари роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он қарор дорад. Дар ин муддат аз мақомоти болоӣ 60 қарору фармонҳо, 627 мактубу протоколҳо, 169 мактуб, пешниҳод, дархост ва гузоришҳо аз ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳия ворид гардидааст. Ҳамчунин, 343 адад қарорҳо ва 39 адад амрҳои раиси ноҳия қабул гардида, 1404 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид шудааст. 184 нафар шаҳрвандон ба қабули раиси ноҳия роҳ ёфта, 8 адад мактубу муроҷиатҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот дохил гардидаанд.
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла, дар соли 2018 сохтмону азнавсозии 50 адад, дар соли 2019 сохтмони 142 адад, дар соли 2020 сохтмони 185 адад ва дар соли 2021 бошад, сохтмони 93 адад бинову иншоотҳо дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора 88 адад ба Ҷамоати шаҳраки Фархор, 35 адад ба Ҷамоати деҳоти Фархор, 56 адад ба Ҷамоати деҳоти Ватан, 47 адад ба Ҷамоати деҳоти Ғайрат, 38 адад ба Ҷамоати деҳоти Зафар, 52 адад ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, 53 адад ба Ҷамоати деҳоти Гулшан, 22 адад ба Ҷамоати деҳоти Дарқад, 46 адад ба Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 33 адад ба Ҷамоати деҳоти Ғалаба рост меояд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия аз моҳи июли соли 2018 то 1 апрели соли 2021 сохтмони 421 адад бинову иншоотҳо, аз ҷумла дар соли 2018 50 адад, дар соли 2019 142 адад, дар соли 2020 185 ва дар соли 2021 44 адад иншоотҳои гуногуни ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифта ва дар 34 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.
Баъдан, раиси ноҳия мӯҳтарам Раҳматзода Р.М. аз муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо ва масъулони ҷамоатҳо вобаста ба нишондодҳои манфӣ ва камбудию мушкилотҳои соҳавиашон пурсиш гузаронида, барои ислоҳи саривақтии онҳо супоришҳои мушаххас супориданд.
Сипас, раиси ноҳия суханро ба намояндаи МИҲДи вилояти Хатлон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қ.А.доданд. ӯ дар рафти баромади худ бештар оиди ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, диққати зарурӣ додан ба кишту кори баҳорӣ ва бештар захира намудани маводҳои хӯрока, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, наздик будан бо мардум, мусоидат намудани ба бартараф кардани мушкилоти мардум, беҳтар намудани низоми хизматрасонӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳо, риояи ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ”, ҳамкории урусти раисони Кумитаҳои маҳал ва раисони ҷамоатҳо бо намояндагони сохторҳои қудратӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ, даъвати мардум ба корҳои созандагӣ тавассути ҳашару шанбегиҳо, диққат додан ба иҷроиши Барномаҳои давлатӣ ва маблағгузории онҳо, таҳияи лоиҳаи Барномаҳои мақсаднок бо дарҷи ҳадафҳои нишонрас, банақшагирии кишти такрорӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳояшро иброз доштанд.
Дар охир, раиси ноҳия мӯҳтарам Раҳматзода Р.М. ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иштирок ва суханронӣ изҳори сипос намуда, маҷлисро ҷамъбаст кард ва ба роҳбарону фаъолон сиҳатию саломатӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматию супоришҳои протоколии навбатӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуданд.
Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия