БЕШАРАФ
Имруз ҳар як ҷавони кишварро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳушёрию зиракии сиёсиашро аз даст надиҳад. Дар шабакаҳо телевизионии намоиш додани Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст, мебошад, бори дигар огаҳ шудем.
Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат харобиҳое, ки саркардагони ТТЭ ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик оварданд, аз тамошои филм баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги нангин аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд ва ин пурра собит гашт.Дар воқеъ яке аз афрод, ки мардумро гумроҳ карданӣ буд, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад. Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқбол–ро барои сабақи динӣ гирифтан ба домулоҳои бонуфузи он замона супурда буд.
Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам илм кайҳо исбот кардаст, ки амалкарди ҳар як шахсият аз хислати хуби Ӯ берун меояд аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст аз анъанаҳое, ки барои ин хонавода хос буданд, аз муҳите, ки шахс дар оҒӮши он ба воя расидааст. Мутаассифона Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз қурбонии муҳите гаштааст, ки падараш ва ҳамдастони падараш аз ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммадиқбол низ яке аз онҳост, ки кори худро бо мардумфиребӣ, хиёнат барои давлату миллати худ анҷом медод. Дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", онро мо дар шабакаҳои телевизинонии тамошо кардем воқеан ҳам амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи Муҳаммадиқбол дида мешавад.
“Барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.
Зеро дар замони имруза замони пешрафти илму техника ва техналогия ба шумор меравад. Мо бояд аз доми ин бадтинататон дур бошем, зеро террорист дин, миллат, мазҳаб надорад кори ин гуруҳҳо фақат як чиз асту халос ин ҳам бошад тафриқа андози,ғоратгарӣ ва вайронкори мебошаду бас.
Ҷураев М, омузгор