АНДЕШАҲО ОИД БА АМОРАТИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

15-умаи августи соли 2021 гурӯҳи толибон давлати исломии Афғонистонро бо роҳи зӯроварӣ ғасб намуданд. Собиқ президенти Афғонистон Ашрав Ғанӣ давлатро ба ҳоли худ гузошта, ба Аморати Араб фирор намуд. Толибон, ки асосан тарбиядидагони мадрасаҳои давлати исломии Покистон буданд, дар шаҳри Дуҳаи Қатар бо Амрикоиҳо шартнома бастанд, ки баъд аз хуруҷи артиши Амрикоиҳо аз Афғонистон давлатро ба даст мегиранд. Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ шуда, толибон ҳокимиятро соҳиб шуданд. Гарчане, ки аз ҳукмронии онҳо се моҳ гузашта бошад ҳам ягон давлати дунё онҳоро ҳамчун давлат эътироф накардааст. Танҳо давлатҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Покистону Хитой ваъда додаанд, ки бо аморати исломии Афғонитон барои ҳамкорӣ кардан розӣ ҳастанд. Дар Осиёи Миёна танҳо давлати Тоҷикистон давлати аморати исломии толибонро эътироф накард.

Агар мантиқан ба амалҳои толибон баҳо диҳем, онҳо давлати Афғонистонро ба таври зӯрӣ ва гуфтушунид бо пезиденти фирорӣ Ашрав Ғанӣ ғасб намудаанд. Баъди ба сари ҳокимият омадани толибон даҳҳо ҳазор мардуми Авғонистон ба дигар кишварҳо гуреза шуда рафтанд. Боқӣ мондагон дар ҳолати фақру нодорӣ қарор доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо таълими духтарон манъ гардидааст. Ҳамаи занҳо хонашин буда, барои кор иҷозат дода намешаванд. Ин рафтори толибон хилофи эъломияи ҳуқуқи башар буда ҳуқуқи инсон дар он кишвар сахт поймол карда мешавад. Инчунин сарварони давлати аморати исломии толибон аз қавми паштун иборат буда, ҳуқуқи дигар халқу миллатҳо, бахусус тоҷикон, ӯзбекон ва ҳазораҳо поймол карда мешаванд. Толибон тибқи ваъдаашон, ки кормандони собиқи давлатиро авф эълон карда буданд хилоф намуда, онҳоро латукӯб ва ба қатл расонида истодаанд. Аз ин рӯ ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон бо сарварии Аҳмади Масъуд ташкил намуда, дар кӯҳҳои Панҷшер бар зидди толибон мубориза бурда истодаанд.

Албатта, барои мо тоҷикон хеле дардовар аст, ки ҳаммилатони мо дар кишвари Афғонистон аз дасти толибони ғосиб терор шуда истодаанд. Давлати Тоҷикистон хоҳони он аст, ки дар кишвари Афғонистон давлати ҳамашумул ташкил карда шавад ва аз дигар қавму миллатҳо низ ба сохтори давлатӣ шомил шаванд.

Агар ба амалҳои толибон назар афканем мебинем, ки онҳо аз фарҳанги давлатдорӣ фарсахҳо дуранд. Бо тафаккури асримиёнагӣ дар қарни 21-ум намешавад давлатдорӣ кард. Толибон бо ин рафторашон мардуми афғонистонро аз пешравӣ боз медоранд. Онҳо ба таълими духтарон мухолиф ҳастанд.

Ин рафторашон ҳам бар хилофи ҳуқуқи башар аст ва ҳам бар хилофи фарҳанги исломӣ. Чунки дар шариати ислом омӯхтани илм барои зану марди мусалмон фарз аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки толибон аз фарҳанги исломӣ низ хуб огоҳ набуда, як гурӯҳи мутаассибоне ҳастанд, ки ба дину оин ва озодии мардуми Афғонистон зарари калон мерасонанд. Ягона роҳи наҷоти давлати Афғонистон тамоман аз байн бурдани толибони ҷоҳил ва мутаҳидии тоҷикон ва ваҳдати дигар қавму миллатҳо ва дур шудан аз ҷаҳлу таассуби динӣ мебошад.

 

А.Хидиров,омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест