ДАСТАИ ҲОСИЛОТ-И НОҲИЯИ ФАРХОР БА ЛИГАИ ОЛӢ РОҲХАТ ГИРИФТ.

S.jpgДастаи Ҳосилот-и ноҳияи Фархор ғолибият Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якум дар соли 2022 гардида, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Дар мавсими имсолаи чемпионат дастаи Ҳосилот хуб ҳунарнамоӣ намуда тавонист, ки баъди пирузиҳо бар ҳарифон бо ба даст овардани 56 имтиёз пеш аз мӯҳлат мақоми аввали Лигаи якумро соҳиб шавад.

Бояд қайд кард, ки имруз даври 22 уми бозии Ҳосилот дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо дастаи Динамо- и шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки бо ҳисоби 3:2 соҳибони майдон пирузӣ ба даст оварда, 3 имтиёз дигарро соҳиб шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз оғози бозӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Зариф Назирӣ иштирок намуда, ҳайати даста ва ҳамаи мухлисонро барои ин ғолибият ва роҳхат ба Лигаи Олии кишвари азизамон, муборакбодӣ намуданд.

Ва ин чунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба маблағи 30 000 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ ба роҳбарияти даста супурда шуд.

Баъд аз қаҳрамон гардидан, дастаи Ҳосилот-и ноҳияи Фархор дар мавсими соли 2023 дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи Олӣ бозӣ хоҳад кард.

Тамоми мухлисони дастаи Ҳосилот-и ноҳияи Фархорро барои ин ғолибият табрик менамоем, муборак шавад!

СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ҶОИЗАСУПОРӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ФАРХОР

 

Ҳеҷ овозе нест