ТАҶЛИЛИ "РУЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

w_0.jpg16 ноябр дар маркази шараки Фархор маросими идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи Президент баргузор гардид. Маросими идона бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз раҳпаймоии осоишта оғоз гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва ҷавонону бонувони пешоҳанги нохияи Фархор иштирок намуданд.

Меҳмонону иштирокчиёни чорабинии идона бо бардошти шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлолият, моҳияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз майдони марказӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Сипас маросими расмӣ идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиён ва сокинони кишварро ба ҷашнҳои фархундаи 30-юмин солагрди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент муборакбодӣ намуда, аз аҳаммияти бузурги ин санаҳои тақдирсоз ёдовар гардид.f_1.jpg

Дар охир барномаи фарҳангии аҳли ҳунар пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

Ҳеҷ овозе нест