ИҚДОМИ НЕК: - БОЛОПУШИ МТМУ №29-и НОҲИЯИ ФАРХОР АЗ НАВСОЗӢ КАРДА ШУД.

q_1.jpgДар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза дар ноҳияи Фархор, ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони ватандусти маҳаллӣ корҳои ободонӣ сохтмони бино ва иншоотҳои маишию хизматрасонӣ, сангфарш ва чарогон кардани кучаю маҳаллаҳо ва сабзу хуррамгардонӣ бо маром идома дорад. Дар ин баробар, сокинони ватандусти деҳаи Муҳоҷирободи Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия икдом гирифтанд, ки болопуши мактаби деҳаашонро азнавсозӣ кунанд. qq_2.jpgБа итиллои директори муассисаи мазкур, боми МТМУ № 29 аз таъсири боду борон мечакиду шароити таҳсилро мушкил мегардонид. Дар яке аз маҷлисҳои навбатии падару модарон, масъалаи иваз кардани болопӯши муассисаро ба миён гузоштанд.

Ҳама иштирокчиёни маҷлис ин пешниҳоди директорро якдилона дастгирӣ карда, дар як муддати кутоҳ сохтмони болопӯши мактабро оғоз намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин кори хайр пеш аз ҳама саҳми раисони маҳалла, омӯзгорон, сокинон, падару модарон ва дигар ҷавонони бонангу номуси деҳа бисёр ҳам назаррас мебошад. Айни замон болопӯши мактаб дар ҳаҷми 800 М2 иваз гардида, дигар корҳои сохтмонии муассиса идома дорад. Раиси маҳалла Муродалӣ Назаров иброз доштанд, ки: –Ин икдоми пешгирифтаи мо, барои ояндаи неки насли наврас ва фарзандону наберагони мо мебошад. Бигузор онҳо бо баҳои хубу аъло хонда ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва пеш аз ҳама ин сарзамини аҷдодиамонро соҳибӣ карда тавонанд.

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Миёна: 6 (1 vote)