БАДАХШОН. ГМТ

  • Толиб Аёмбеков
  • Ёдгор Мамадасламов
  • Мунаввар Шанбиев
  • Зоир Раҷабов
  • Мамадбоқир Мамадбоқиров
  • Хурсанд Мазоров
  • Амриддин Аловатшоев

Ин ҳафт нафар саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ дар Бадахшон, ки ҳангоми боздошт дар назди мақомотҳои қудратии Бадахшон тавбаи мардона карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд. Дигар аз ин пас, аъзои гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз худуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндаги доранд, раванд.

Яке аз нишонаҳои зикргардида он аст, ки давлатҳои орому осударо ба харобазор табдил додани буданд, монанди вабое, ки пеши роҳи онро гирифтан хело мушкил аст. Мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки дар нооромиҳои давлатҳои ховари миёна асарҳои ифротгароӣ ва терорризм ба таври намоёну ошкоро дида мешавад. Ин ҳам бо истифодаи силоҳи ғайрирасмӣ дар дасти ҷавонони нодон дар Бадахшон мебошад. Онҳо дар даст тули чанд сол бо силоҳ дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон гашту гузор мекардаанд.  Бояд гуфт, ки бо ин амалҳои кардаашон дар дунё назди қонун ва дар охират назди Худованд ҷавобгӯ ҳастанд.

Аммо, баъзан вақт сару садоҳо оиди муносибату рафторҳои гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ дар Бадахшон пайдо мегарданд, ки ин дар асл ягон асосе надоранд. Чун аз давраи интихоби роҳбари нави раиси вилояти Бадахшон сулҳу субот ва оромӣ пойдор гардида истодааст.

Тоҷиддин В.

Миёна: 1 (1 vote)