ТАСВИРИ СИМОИ КАБИРӢ
Саидюнуси Истаравшанӣ,
Равшани Темуриён,
Темури Варқӣ,
Алим Шерзамонов,
Мавҷуда Соҳибназарова,
Ҳумайрои Бахтиёр,
Шабнам Худойдодова.
Ин яке аз чеҳраҳои маълуму лозим барои Кабирӣ мебошанд, ки ба хотири ӯ шуда аз баҳри хонаву ватан гузашта худро ҳамчун гурезаву муҳоҷир намуда, симои Кабириро тасвир намудаанд. Яъне, ба гуфти мардуми рус “Ба ман бигӯ дустат кист ва ман мегӯям, ки ту ки ҳастӣ”. Дар маҷаллаву шабакаҳо оиди ин шахсони болозикр ахборотҳое дарҷ гардидааст ва маълум мешавад, ки Кабирӣ ин “аз таги дор гурехтагонро” ба худ тобеъ кардааст.
Шахсан Саидюнуси Истаравшании дар Эрон шиашуда солҳои 2000-ум ба хотири адои фармони хоҷагони Эрониаш ҳамсари худашро ба Тошканд ҳамчун рисолати махсус фиристода, ӯро фидоӣ намуда, ниҳоят ҳамсараш дар маҳбусхона умрашро адо намуд. Ва худи Саидюнус то ин дам аллакай бо ҳамсари дуюмаш зиндагиашро оғоз намуда буд. Ин ношахсият на танҳо ватану миллат, балки оилаашро низ фурухтааст.
Равшани Темуриён. Бо тахаллуси “Сиёвуши Далерӣ”. Котиби масъули “Гурӯҳи 24”. Яъне ба “ҳайбале”и рафиқонаш мехост президент шавад. Ниқобе ки ӯ дар рӯяш мекашад, риштааш тез-тез меканад. Барои ҳамин ӯ барои имиҷи худаш айнак ва галстукро акси анъанавӣ шинос намудааст. аммо равшанӣ аз паси парда низ аён аст. Агар ба афти ӯ нигари, маълум аст ки худ барои кариерааш чеҳраашро дигаргун сохтааст.
Темури Варқӣ. Директори Департаменти иттилоотии “Паймони миллӣ”. Ҳамраиси анҷумани озодандешони Тоҷикистон. Ӯ аввал бо тоҷикӣ “салом ва раҳматуллоҳи ва баракоту” мегуяд баъд бо русӣ сухан мегуяд. Ба ин кас бештар ба нушокиҳои спиртӣ завқ дошт, барои Кабирӣ фурсат ва муяссар шуд, ки ӯро ба ТВ Сафо дар Москав ки бо маблағгузории Эрон таъсис дода шуда буд, ба кор даъват мекунад. Ӯ бо маслиҳатҳои дустонаш ба остонаҳои созмонҳои байналмиллалӣ роҳ ёфта, давлат ба давлатҳои аврупо мақоми гурезагиро ҷустуҷӯ кардааст. Акнун ӯ аз минбарҳои паймони миллӣ ҳамчун рузноманигор баромад ҳам мекунад.
Алим Шерзамонов. Ӯ дар айёми пириаш оила ва корро партофта, аз бонкҳо қарздор шуда, ба Аврупо рафта дар он ҷо худро ҳамчун гуреза макон кардааст. Ӯ акнун дар онҷо ба таҳқиру депорт нигоҳ накарда, худро муовини паймони миллӣ тарошид.
Мавҷуда Соҳиназарова. Собиқ котиби матуоти Зайд Саидов. Ӯ инз ба мисли дигарон дар шаҳрҳои Аврупо мақоми гурезагиро ҷустуҷӯ дорад. Аммо пешниҳоди ӯ рад карда мешавад. Ҳатто аз тарафи писари Кабирӣ низ. Мавҷуда мебоист нисбати мақомоти Тоҷикистон ягон маводҳои танқидӣ дарҷ мекард, шояд ӯро ҳамчун гуреза мепазируфтанд. Гап дар сари он, ки Мавҷуда рузноманигори камтаҷрибаи Кабирӣ аст.
Ҳумайрои Бахтиёр. Ин рузноманигори муваффақ бо лақаби “Тангем”, ҳар вақте ки касе Кабириро танқид кунад, вай фавран ба ҳимояи ӯ бармехезад. Ҳумайро бо мусоидати Кабирӣ ҳар сол аз ҳисоби стипендияи ба даст овардааш зиёда аз 50 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ӯ дар Аврупо ҳамчун донишҷӯ фаъолият дошт. Аммо барои обруи баланд гирифтанаш худашро “Журналисти оппозитсионер” эълон намуд.
Шабнам Худойдодова. Табақшуи як тарабхонаи Питер буд ки гуё ӯро мақомоти махсус таъқиб дорад ва ӯ ба Аврупо қасд мекунад. Ниҳоят бо кумаки намояндаи созмони байналмиллалии Human Rights Watch барои Осиёи марказӣ – Стив Свердлов, ки ӯро “Язнаи наҳзат” мехонанд, мақоми гурезаро мегирад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои маҳрамонаи Шабнам ва Стив пайдо шуданд, ки ба он назар кардан нафратовар аст. Язна бошад ба хотири Шабнам ТЭТ ҲНИ-ро тарафдорӣ менамояд.
Ин шахсиятҳои номбурда яке аз ҳаммаслакони Кабирианд, ки аз таги дор гурехта роҳи гурезашонро ёфтаанд.
Тоҷиддин, омӯзгор.