Activities calendar

29 November 2018

Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд

Роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз террористу экстремист будан боз чунон палиду нобакоранд, ки мислаш дар ҷаҳон нест. Зеро он амалҳои манфуру нангинеро, ки наҳзатиҳо зидди ватану миллати худ анҷом медиҳанд, дар ҷаҳон ягон гурўҳу ташкилоти ҳамсонашон ҳатто ба худ раво намебинанд. Масалан, туҳматҳое ки наҳзатиҳо нисбат ба мақомот, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебофанду паҳн менамоянд,  ягон неруи мухолиф ва ҳатто ҷинояткори давлатҳои дигар дар ҳаққи ҳукуматҳояшон анҷом намедиҳанд.

Ҳеҷ овозе нест

Дасисабозиҳои фирории ҳарисниҳод

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дакр намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиёни фуруӯхташуда ва зери назари аҷнабиён нишсту вохӯроҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Нигарониҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз он далолат медиҳад, вай фикри обрую нуфузи худро намуда, ки ба манфиатҳои сиёсиаш бисёр латма ворид кардааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин нишастҳоро ташкил намуда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад.

Ҳеҷ овозе нест

Портрети Истаравшанӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, шахсиятест, ки дар миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон натавонист мавқеи худро пайдо кунад. Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии чандеи дигар аз ҳамандешаҳову ҳамдеҳаҳояш дар майдоннишиниҳои солҳои 90-ум иштирок намуд. Онҳо аз зодгоҳи худ танҳо барои шиорпартоӣ ва равған рехтан ба ҷанги шаҳрвандӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Ҳеҷ овозе нест