Activities calendar

28 November 2019

Фитнаҳои САЛИМПУР ё САЛИМПУЛ дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Мирзои Салимпур (далее Салимпул) сомонаи хусусие кушода аст бо номи “Ахбор ком”  , ки бо суханҳои бемантиқу иғвоангезаш ва хабарҳои дурӯғ дар байни мардум фитна андохта, ба зеҳни мардум зарба мезанад. Салимпул зодаи ноҳияи Ҳисор буда, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи Рӯз”, радиои “Озодӣ” фаъолият кардааст. Айни замон ӯ дар шаҳри Прага кору фаъолият дорад.

Ҳеҷ овозе нест

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС АСТ

Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад.

Ҳеҷ овозе нест