ФИДОКОРИҲОИ ТАБИБОНИ ТОҶИК
Чор, 05/20/2020 - 17:32Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масъалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифоъи Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин, ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Ҳар як байти Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ чунин шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва кишвари мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст.





