Саломиддин Мирзорахматов ТАНТАНАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА ШИКАСТИ КАБИРӢ
Якш, 10/11/2020 - 17:24Саломиддин Мирзорахматов
ТАНТАНАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА ШИКАСТИ КАБИРӢ
(Аз мунозираи ду рақиби оштинопазир кадом хулосаҳо бармеоянд?)
I.
Дар тӯли се сол, Додоҷон Атовуллоев борҳо Муҳиддин Кабириро ба мунозира даъват карда буд. Вале ӯ бо баҳонаҳои мухталиф аз мубоҳисаи ошкоро имтиноъ меварзид.
Ниҳоят, вохӯрии рӯ ба рӯи онҳо баргузор гардид. Ва на дар ҳар ҷое, ки рост омад, балки дар студияи радиои Амрико.