Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд
Пан, 10/15/2020 - 20:21Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро барои дигарбора президент интихоб шуданаш табрик кардааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар барқияи шодбошии Оқохони IV омадааст: “Самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.