Activities calendar

21 September 2021

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз суботу оромии давлат ва ваҳдату ягонагии мардуми он вобаста мебошад. Аз рўи чунин дидгоҳи назар аз давраҳои қадим то ба имрўз бунёду барқарории ҷомеаи амну ором аз олитарин ормонҳои халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамеша расидагӣ ба сулҳу субот ва амнияту ягонагӣ бо талафоти бузурги моливу ҷонӣ ба даст омадааст. Яке аз мисолҳои барҷастае, ки дар хотираи таърихии миллати тоҷик ва таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо боқӣ хоҳад монд, ин ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар солҳои 1992-1997 мебошад.

Ҳеҷ овозе нест