Activities calendar

13 September 2021

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ 20 СОЛА ШУД

Созмони ҳамкории Шанхай созмони минтақавӣ буда, дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, «Панҷгонаи Шанхай» замина гузоштааст, ки тибқи созишномаҳо миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил гардида буд. Сипас, ба узвияти он Ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта шуд ва «панҷгона» ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт.

Ҳеҷ овозе нест