Activities calendar

08 Декабр 2018

Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст)

       Соати 12:45-и 08-уми декабри соли 2018, дар сомонаи вафодораш Муҳаммадиқболи Садриддин аз гуфтаҳои банда Баҳодур Саидов, ки дар Олмон мебошам ва ба кӯри Юнус хуб маълум аст, иқтибос овардааст, ки  «ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд.

Ҳеҷ овозе нест

АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ

          Сарлавҳаи навбатиро барои инъикоси муфтхӯрӣ ва таассубзадагии наҳзатиён аз асари Устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ гирифтем. Устод бо ин ислоҳи ҳадафманд муфтхӯр ва табақаи муфтхӯронро тасвир кардааст.

       

Ҳеҷ овозе нест

Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд

Баъд аз фош гардидани ҷинояткорию терроризми ТТЭ ҲНИ якчанд нафар роҳбарону масъулони он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Аммо бо вуҷуди ошкор гардидани мақсаду мароми бадхоҳонаашон, аз самти фаъолияти тахрибкорона ва душманӣ варзидан бо ватану миллати худ даст накашидаанд. Аз ҳар фурсату имконияте истифода бурда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд.

Ҳеҷ овозе нест

Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик

            Рафиқам, ки дар риштаи мардумшиносӣ мутахассис аст, тадқиқоти аҷибе гузаронидааст, ки ҳамовозии зарбулмасалҳои мардумиро ба хислатҳои имрӯзаи роҳбарияти ҳизби террористии ҲНИ нишон медиҳад. Худ қазоват кунед:

 

Ҳеҷ овозе нест

Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ

          Чанд рӯз аст, ки дар расонаҳои иғвоангезу дурӯғпарокану мубаллиғи Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хабари баргузор намудани гирдиҳамоӣ, ки гӯё барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ баргузор карда мешавад, ба таври густарда таблиғ мешавад. Агар жарфтар ба номи созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ назар намоем, маълум мегардад, ки аслан инҳо нафаронеанд, ки барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ гоҳу ногоҳ чунин намоишҳои ба қавли худашон, «эътирозӣ»-ро баргузор мекунанд.

Ҳеҷ овозе нест

Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин

       Роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ – экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ боз гирдиҳамоӣ кардани ҳастанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон наҳзатиҳои қадимаанд, ки ҳамчун террорист шинохта шудаанд.

Ҳеҷ овозе нест

Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло

      Дар Фейсбук навиштаҳои кўтоҳ, вале ҳадафноки рўзноманигори шинохта ва яке аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро мурур карда, тими наҳзатӣ сахт хашмин мешаванд, бахусус раҳбарияти наҳзатӣ ва ҳаммаслакони Кабирӣ аз киноязаниҳои ў ба дод меоянд. Албатта, Додоҷони Атовуллоҳ хеле тунд мегўяд ва сабки ў аз ҳамин мушаххаса – тундгўйӣ таркиб ёфтааст ва ин навъи андешаронӣ ва навишторро дар матолиби пешину пасини рўзноманигор мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳеҷ овозе нест