Activities calendar

10 October 2019

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ВА АЪМОЛИ НОАЁНАШ

Дар таърихи 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава роҳбарони ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва баъзе афроду созмонҳои дигари зиддимиллӣ гӯё дар алоқамандӣ ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эътилофи якчанд ниҳодҳои ифротгаро ва худхонда бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон дода шуд.

Ҳеҷ овозе нест

САРҲАДИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Чуноне, ки ба мо маълум аст, шоми 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт. Дар ин ҳодиса се марзбони тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карданд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб нерӯҳои худро аз марз пас кашидаанд.

Ҳеҷ овозе нест