Activities calendar

12 феврал 2020

ДӮСТОНИ ДЕРИНИ ҚИРҒИЗ

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз қадиммулайём миллату халқиятҳои гуногун бо хусусиятҳои хосаи ташаккули худ дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекарданд. Онон аз як чашмаю сой об менӯшиданд, ба хонаи якдигар равуо мекарданд, дар тӯю тамошо ва маъракаҳои азодорӣ бо ҳамдигар меҳрубонӣ доштанд. Ин хислатҳои наҷиби инсондӯстона аллакай дар ирсияти аҷдодону авлодони оянда нақш бастаасту ягон кас натавонад, ки ин фазилатҳоро аз тинати онон берун кунад.

Ҳеҷ овозе нест