ТАҚСИМИ МАРЗ БО РОҲИ ДИПЛОМАТӢ
Душ, 02/24/2020 - 14:54Ҳафтаи гузашта дар Ботканд нишшасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Қирғзистон дар масъалаҳои марзӣ оғоз шуда буд. Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Қирғизистонро низ муовини сарвазир Акрам Мадумаров намояндагӣ карда буданд. Ба ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар мақомдорони низомӣ ва роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд шомиланд. Ҷонибҳо дар суханронии муқаддимавиашон ҳарду умед бар ҳалли ҳарчи зудтари масоли марзӣ байни ду кишвар баста буданд.