БРА гуфт, Тоҷикистон ягона давлати аъзояш аст, ки иқтисодаш дар замони пандемия рушд кард
Ҷум, 08/28/2020 - 22:47Тоҷикистон ягона давлати аъзои Бонки рушди АвруОсиёӣ мебошад, ки дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодаш рушд кардааст.
Тибқи гузориши Бонки рушд АвруОсиёӣ, Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои камтарини минтақа аст, тавонист рушди иқтисодиро дар давраи пандемияи коронавирус нишон диҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи БРО, Тоҷикистон ягона кишвар дар байни кишварҳои узв аст, ки рушди иқтисодӣ дар пасманзари коҳиш ёфтани иқтисоди кишварҳои дигари ин созмон ба қайд гирифта шудааст.