COVID-19 ҲАНӮЗ ҲАМ НАРАФТААСТ
Душ, 08/31/2020 - 12:06Имрӯз дар бозори марказии ноҳияи Фархор аз тарафи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва роҳбарияти бозори марказии ноҳия "Аксияи мубориза бар зидди бемории коронавирус" гузаронида шуд. Мутахассисони соҳати тандурӯстӣ дар байни фурӯшандагону харидорон оиди пешгирии ин бемории сироятӣ фаҳмондадиҳӣ намуда, ба онҳо буклету хабарномаҳо тақсим намуданд.