Activities calendar

04 Август 2020

ИФРОТГАРОЁНИ МАЛЪУН

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар заминаи эътиқодоти динии амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Ҳеҷ овозе нест

МАРГИ ГУЛМУРОД ҲАЛИМОВ ВА ХОНАВОДААШ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз нобуд шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод. Ӯ гуфт, кушта шудани низомии фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ва аҳли оилаашро шоҳидоне, ки бозпурсӣ шудаанд, таъйид карданд.

Тибқи қонунгузорӣ барои тасдиқи мурдаи ин ё он нафар санад ё мадраке бояд бошад, мо чунин санадро надорем, лекин бино ба гуфти шоҳидон - онҳое, ки аз Сурия баргаштаанду боздошт шудаанд, Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст", - гуфт Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ.

Ҳеҷ овозе нест

Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод

Ҳеҷ овозе нест