Activities calendar

30 September 2020

ФАЗИЛАТИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ХИЁНАТ”

Таърих гувоҳ аст, ки мо дар ҳама давру замон як миллати дилсӯз, дилсоф будему ҳастем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба таъкид иброз медорад, ки ҷаҳон дигар шудааст ва мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Филми мустанади “Хиёнат” ба тақвияти ҳамин гуфтаҳо ва ҳушдор доданҳо ба навор гирифта шудааст.

Албатта, бо имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори ризоияти миллӣ ҳама бахшида шуданд ва гузаштаро барои таънаи ҳамдигар набояд ба хотир биёрем.

Мақсади “Хиёнат” он аст, ки мо аз гузашта дарси ибрат бигирем. Дӯстро аз душман, махсусан дар ин рӯзгори пуртаззоду қудратталабиҳо, бишносем.

Ҳеҷ овозе нест

ВАЗЪИ ИМРӮЗА ДАР БЕЛОРУС

            Беларуссия, дар посух ба тавсеаи рӯйхатҳои таҳримот аз ҷониби кишварҳои назди Балтика, рӯзи сешанбе алайҳи онҳо чораҳои маҳдудкунандаи симметрӣ ҷорӣ мекунад. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Латвия рӯйхати 101 мансабдори Беларусро нашр кард, ки онҳоро дар хушунат ва саркӯб кардани сокинони кишвар, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентии ҷумҳурӣ розӣ нестанд, мешуморад.

Ҳеҷ овозе нест