Activities calendar

11 May 2021

ДАСИСАКОРИҲОИ ТЭТ ҲНИ

Дар таърихи сӣ соли охири давлатдории тоҷикон давраҳое буданд, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву идеологии кишвари мо хисороти зиёде расонида буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари намояндагони ТЭТ ҲНИ аз ҷумлаи чунин нафароне буданд, ки бо мақсади халалдор кардани оромии кишвар ба саҳнаи сиёсат ворид гардида буданд. Баъзе аз саркардагони ин гурӯҳи террористӣ аз сиёсату фаъолияти давлат огоҳ буда, ташнаи курсиҳои ҳокимият ва бо кадом роҳ ба даст овардану истифода намудани онро доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

Коршинос: “Головной” дар Тоҷикистон ҷойгир аст

Иншооти «Головной», ки 28-29 апрели соли ҷорӣ сарчашмаи ихтилофи нав миёни қирғизҳову тоҷикон гардид, як навъ сарбанди дарёи Исфара буда, барои обтақсимкунӣ хизмат мекунад. Солҳои тўлонӣ танзими маҷрои об мутобиқи талаботи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон сурат мегирифт. Шореҳи масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов муътақид аст, ки иншоот монанди пештара бояд дар қаламрави тоҷикон бимонад, то ки тақсимоти одилонаи об миёни кишварҳои ҳамсоя, мисле ки то ин вақт буд, таъмин шавад.