ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МАРДУМИ БАДАХШОНАНД!
Пан, 03/09/2023 - 10:56Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри ободиву суботи тамоми минтақаҳои кишвар нигоҳи баробар ва амали воқеӣ доранд. Ин аст, ки Сарвари миллат ба вилояти Бадахшон таваҷҷуҳи хос дошта, стратегияву барномаҳои рушду тақвияти соҳаи гуногуни ин минтақаро таҳти роҳбарии худ қарор додаанд. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба ин минтақа зиёд буда, дар баробари барномаҳои рушди он аъзоёни фаъоли Ҳукумати мамлакатро сарпарастӣ бевоситаи он таъин намудаанд.

Дар ноҳияи Фархор ҳамоиши васеи илмӣ дар мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, ифротгароӣ, терроризм, мушкилоти ҷаҳони имрӯз баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази исломии Тоҷикистон Сангалиев Маҳмуд ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.



